Декабр 19, 2022 11:49 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳӯрии Қазоқисто  изҳор дошт: Мо ҳамеша ба шуҷоъати қаҳрамонон арҷ мениҳем ва ёд қурбониёнро ҳифз хоҳем кард
    Раиси Ҷумҳӯрии Қазоқисто изҳор дошт: Мо ҳамеша ба шуҷоъати қаҳрамонон арҷ мениҳем ва ёд қурбониёнро ҳифз хоҳем кард

Раиси Ҷумҳӯрии Қазоқистон ёди қаҳрамонони миллӣ дар вақойеъи дей моҳи соли 1986 мелодӣ дар шаҳри Алмаато, пойтахти собиқи ин кишварро гироми дошт.

Ба гузориши Садои Хуросон, Қосим Жомарт Токаев Раиси Ҷумҳӯрии Қазоқистон дар мавриди вақойеъи 36 соли қабл дар пойтахти собиқи ин кишвар изҳори назар  кард.

Вай  дар суханоне дар ин маврид гуфт: Рӯйдоди 36 соли пеш асари пок нашудани дар таърихи кишварамон бар ҷой гузошт, ки руҳи тазалзул нопазир ва орзӯи устувори мо барои озодӣ ва истиқлолро нишон доданд.

Раиси Ҷумҳӯрии Қазоқистон дар идомаи суханони худ изҳор дошт: Мо ҳамеша ба шуҷоъати қаҳрамонон арҷ мениҳем ва ёд қурбониёнро ҳифз хоҳем кард.

Вақойеъи дей моҳи соли 1986 дар шаҳри Алмаато, он замон пойтахти Қазоқистони Шӯравӣ ба унвони (қиёми дей моҳ ) шинохта мешавад. Он рӯзҳо гирдиҳамоии ҷавонони қазоқ алайҳи тасмими давлати камунисти барои барканории Динмуҳаммад Кунаев дабири аввали ҳизби камунистии Қазоқистон ва таъини Ганоди Келбин дабири аввали кумитаи минтақаии Уляновск ба ин симат, ба тазоҳуроти эътирозӣ ва қиёми мардуми табдил шуд.

Дар паи он эътирозот 160-200 нафар кӯшта ва беш аз 200 тан захмӣ ва беш аз як ҳазор нафар боздошт шудаанд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп