Сентябр 20, 2023 13:58 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори шуҳадои юриши шабонаи режими саҳюнистӣ ба урдӯгоҳи Ҷанин

Шумори шуҳадои ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба урдӯгоҳи Ҷанин ба 30 шаҳид ва 20 захмӣ афзоиш ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сешанбешаб бо оғози даври ҷадиди даргириҳо дар Ҷанин пас аз ҳамлаи низомиёни саҳюнист ба урдӯгоҳи Ҷанин, режими саҳюнистӣ мавозеъи муқовимат дар муҳавватаи урдӯгоҳро ҳадафи ҳамлаи паҳподӣ қарор доду ҳамзамони манзили шахсии яке аз раҳбарони гурдонҳои Алақсоро муҳосира кард.

Манобе маҳаллӣ мегӯянд, ки ҳамзамон бо юриши артиши саҳюнистӣ ба урдӯгоҳи Ҷанин, барқи манотиқе дар Ҷанин ҷиҳати тасҳили ҳамлаи ишғолгарон қатъ шудааст.

Гурдони ҷанин Аз шохаҳои гурдонҳои Алқисом вобаста ба Ҷумбиши муқовимати Фаластин (Ҳамос) эълом кард, ки  муборизон ва соири гуруҳҳои муқовимат ба шиддат дар ҳоли рӯёрӯӣ бо нерӯиҳои режими саҳюнистӣ дар урдӯгоҳи Ҷанин ҳастанд ва истеҳкомоти артиши ишғолгар ва тактирандозони он бо ҳаҷми густардаи оташ, ҳадаф қарор гирифтанд.

Нерӯҳои муқовимати Фаластин ҳамчунин як фарванди паҳподи саҳюнистиро бар фарози урдӯгоҳи Ҷанин сарнагӯн карданд.

 

Барчасп