Октябр 09, 2023 09:55 Asia/Dushanbe
  • Шумори ҳалокати саҳюнистҳо ба 1000 нафар афзоиш ёфт
    Шумори ҳалокати саҳюнистҳо ба 1000 нафар афзоиш ёфт

Як расонаи саҳюнистӣ гузориш дод, шумори талафоти саҳюнистҳо дар амалиёти ахири размандагони муқовимати Фаластин дар ирозии ишғолӣ ба 1000 нафар расидааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, рӯзномаи саҳюнистии Yedioth Ahronoth гузориш дод , шумори талафоти саҳюнистҳо дар амалиёти тӯфони Ал-Ақсо ба 1000 нафар мерасаду теъдоди афроде, ки тавассути неруҳои ҲАМОС ба асорат гирифта шуданд низ беш аз 150 нафараст.

Артиши режими саҳюнисти шомгоҳи якшанбе шумори талафоти амалиёти ахири размандагони муқовимати Фаластин дар ирозии ишғолиро 700 нафар эълом карда буд.

Пеш аз ин расонаҳои режими саҳюнистӣ гузориш доданд, ки баровардҳо ҳоки аз он аст, ки теъдоди усарои саҳюнист дар Ғазза байни 150 то 200 нафар ҳастанд.

«Зиёди Ал-Нахолеҳ » Дабири кули ҷумбиши ҷиҳоди исломи шомгоҳи якшанбе эълом кард, танҳо ин ҷумбиш, беш аз 30 саҳюнистро ба асорат гирифтааст .

Барчасп