Феврал 25, 2024 19:54 Asia/Dushanbe
  • Иттифоқи назари ҳамаи ҷараёноти сиёсии Ироқ барои поён додан ба ҳузури низомиёни хориҷӣ

Қосим Ал Аъраҷӣ, мушовири амнияти миллии Ироқ таъкид кард, ҷараёноти сиёсии ин кишвар дар бораи поён додан ба ҳузури низомиёни хориҷӣ иттифоқи назар доранд.

Ба гузориши ИРНА, Қосим Ал Аъраҷӣ, дар гуфтугуе дар ҳошияи шашумин Конфронси байналмилалии Бағдод гуфт, дар бораи хурӯҷи неруҳои хориҷӣ, тавофуқи назар вуҷӯд дораду давлати Бағдод дар посух ба кумаки кишварҳои матбуъи неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар ҷанг алайҳи ташкилоти террористии ДИИШ, тавофуқномаҳои амниятии ду ҷонибае бо ин кишварҳо имзо хоҳад кард.

Вай таъкид кард, дар бораи зарурати холӣ будани Ироқ аз неруҳои низомии хориҷӣ, иҷмоъи назар вуҷӯд дорад.

Ал Аъраҷӣ хотирнишон кард, неруҳои эътилофи байналмилалӣ, ҷойгузине барои неруҳои низомӣ ва амниятии Ироқ нестанд, балки дар шароити вижа ва мушаххасӣ ба Ироқ омадаанду имрӯза, ниёз ба онҳо бартараф шудаасту давлати Бағдод, масъӯли тасмимгирӣ дар бораи поён додан ба ҳузури неруҳои эътилоф дар кишвар аст.

Дар солҳои гузашта ҳам мардум ва дар канори онҳо гуруҳҳо ва аҳзоби сиёсии мухталиф дар Ироқ бар хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз ин кишвар таъкид карда буданд. Низомиёни амрикоӣ, дар шароите ба ҳузури худ дар Ироқ идома медиҳанд, ки бар хилофи музокироту тавофуқоти пешин байни давлатҳои Ироқу Амрико мақомоти амрикоӣ аз анҷоми тааҳҳудоти худ сарбоз мезананд.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп