Феврал 27, 2024 10:43 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ҳавоии режими саҳюнистӣ ба шарқи Лубнон

Режими саҳюнистӣ барои аввалин бор пас аз ҷанг зидди борикаи Ғазза, манотиқе аз Баъалбак, шарқ Лубнонро ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор дод.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ рӯзи душанбе анбори маводи ғизоӣ дар ғарби Баъалбакро ҳадаф қарор доданд.

 Бар асоси ин гузориш, як манзил низ ҳадафи дувумин ҳамлаи ҷангандаҳои ин режим қарор гирифт, ки бар асари он теъдоде аз мардум маҷрӯҳ ва ба бемористон мунтақил шуданд.

Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ҳамчунин минтақаи "Ҷабал алрафиъ" дар Лубнонро бомбаборон карданд.

 Шабакаи телевизионии "Алҷазира" гузориш дод, аввалин бор аз замони табодули оташ миёни Ҳизбуллоҳи Лубнон ва режими саҳюнистӣ аст, ки ин режими манотиқе аз Лубнонро ҳадаф қарор медиҳад.

 Соати пеш аз ҳамлаи режими наслкаши Исроил ба Лубнон, Муқовимати исломӣ эълом кард, дифои ҳавоии Ҳизбуллоҳ як паҳподи режими саҳюнистӣ аз навъ "Гермес 450"-ро дар минтақаи "Иқлим ал-Тифоҳ" бо мушаки замин ба ҳаво сарнагун кардааст.

 

Барчасп