Март 24, 2024 12:34 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи паҳподии муқовимати Ироқ ба бинои вазорати ҷанги режими саҳюнистӣ

Муқовимати исломии Ироқ бомдоди имрӯз (якшанбе) дар баёнияе эълом кард, бинои вазорати ҷанги режими саҳюнистиро ҳадафи ҳамлаи паҳподӣ қарор дод.

Ба гузориши ИРНА, муқовимати исломии Ироқ эълом кард, ки барои ҳимоят аз мардуми Ғазза, ҳамла алайҳи ишғолгаронро дар моҳи Рамазон шиддат хоҳад дод.

Муқовимати исломии Ироқ бомдоди чаҳоршанбеи гузашта низ эълом кард, ки фурудгоҳи Бен-Гурион, дар сарзаминҳои ишғолиро ҳадафи чандин паҳпод қарор додааст. Ин гуруҳ пештар ва дар амалиёти гузашта ба сарзаминҳои ишғолӣ ҳушдор дода буд, ки дар сӯрати идомаи ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Борикаи Ғазза, амалиёти худ алайҳи мавозеъи ин режими ҷаълиро ташдид хоҳад кард.

Ҳамчунин, муқовимати исломии Ироқ душанбеи гузашта низ бо эъломи инки як пойгоҳи паҳподии режими саҳюнистиро ҳадаф қарор додааст, афзуд: Ин пойгоҳ, ки дар Ҷавлони ишғолии Сурия қарор дошта, ҳадафи ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифтааст.

Ҳизбуллоҳи Лубнон низ бомдоди якшанбе тасовир ва филми ҳамла ба пойгоҳи низомии артиши режими саҳюнистиро мунташир кард. Неруҳои муқовимати Лубнон (Ҳизбуллоҳ) саҳнаҳое аз ҳадаф қарор додани таҷҳизоти ҷосӯсии артиши режими саҳюнистӣ дар шимоли Фаластини ишғолиро мунташир кард.

Ҳизбуллоҳи Лубнон дар чанд моҳи гузашта ва ба дунболи ҷиноёти ҳавлноки режими саҳюнистӣ ва наслкушии фаластиниҳо тавассути ин режим дар Борикаи Ғазза, борҳои мавозеъи низомии саҳюнистҳо дар шимоли сарзаминҳои ишғолиро ҳадаф қарор додааст, мавзӯе, ки сабаби ҳароси саҳюнистҳои шаҳракнишин дар ин манотиқ шуда ва токунӯн даҳҳо ҳазор саҳюнист аз тарси ҳамалоти муқовимат аз шаҳракҳои наздики марзҳои Лубнон хориҷ шудаанд.

Ҳамчунин гурдонҳои Ал Қасом, шохаи низомии ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин ҳам эълом кард, заработи сангине ба неруҳои ишғолгари исроилӣ ворид кардааст.

Шабакаи Алҷазира дар гузорише дар ин хусӯс оварда, гурдонҳои Ал Қасом эълом кард, як нафарбари артиши режими саҳюнистиро дар ҷануби бемористони Шифо дар шаҳри Ғазза бо ракети “Ёсин 105” ҳадаф қарор додааст.

Гурдонҳои Ал Қисом ҳамчунин афзӯда, се танки исроилиро дар ҷануби бемористони Шифо дар Ғазза бо ракети “Ёсин 105” ва бомб, ҳадафи қарор дода ва теъдоде аз низомиёни исроилиро ба ҳалокат расонда ва ё захмӣ кардааст.

 

 

Барчасп