Март 24, 2024 17:36 Asia/Dushanbe
  • Гутерриш таваққуфи ҳамалоти артиши Исроил ба Ғазза ва барқарории оташбаси фавриро хостор шуд
    Гутерриш таваққуфи ҳамалоти артиши Исроил ба Ғазза ва барқарории оташбаси фавриро хостор шуд

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бори дигар таваққуфи ҳамалоти артиши Исроил ба минтақаи борикаи Ғазза ва барқарории оташбаси фаврӣ дар ин минтақаро хостор шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дирӯз (шанбе) дар боздид аз гузаргоҳи марзии Рафаҳ (байни борикаи Ғазза ва Миср) бо баёни ин ки ҳар гуна ҳамлаи бештари артиши Исроил ба борикаи Ғазза авзои ғайринизомиёни фаластинӣ ва кулли минтақаро бадтар хоҳад кард, гуфт: “Беш аз ҳар замони дигаре вақти оташбас фаро расидааст”.

 

Барчасп