Апрел 06, 2024 10:15 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи паҳподии муқовимати Ироқ ба Ҷавлони ишғолӣ ва полоишгоҳи нафти режими саҳюнистӣ

Муқовимати исломии Ироқ бомдоди шанбе аз ҳамлаи паҳподӣ ба Ҷавлони ишғолии Сурия ва полоишгоҳи нафти режими саҳюнистӣ хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, муқовимати исломии Ироқ имрӯз (шанбе) дар баёнияе эълом кард, дар ҳимоят аз миллату муқовимати Фаластин дар Ғазза як ҳадафи низомии режими саҳюнистиро дар баландиҳои Ҷавлони ишғолии Сурия ҳадаф қарор додааст.

Муқовимати исломии Ироқ дар баёнияи худ таъкид кард, муқовимат ба ҳамалоти талофиҷӯёна ва дар ҳамбастагӣ бо Ғазза идома хоҳад дод.

Муқовимати исломии Ироқ имрӯз ҳамчунин аз ҳамлаи паҳподӣ ба як полоишгоҳи нафт дар арозии ишғолии Фаластин хабар дод.

Муқовимати исломии Ироқ эълом кард, дар посух ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ, муҷоҳидони мо бо паҳпод полоишгоҳи нафти режими саҳюнистиро дар Ҳайфа ҳадаф қарор доданд.

Гурӯҳҳои муқовимати исломии Ироқ дар ҳимоят аз муқовимати Фаластину маҳкӯм кардани ҳимояти ҳамаҷонибаи Амрико аз ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Борикаи Ғазза, борҳои пойгоҳҳои артиши Амрико дар Ироқу Сурия ва ҳамчунин аҳдоферо дар сарзаминҳои ишғолӣ ҳадафи ҳамалоти паҳподӣ ва мушакии худ қарор додаанд.

Ҷабҳаи муқовимати Ироқ дар роҳбурди ҷадиди худ марокизи бисёр муҳими саҳюнистҳо, аз ҷумла фурудгоҳҳо ва пойгоҳҳои ҳавоиро ҳадаф қарор медиҳад ва дар талош аст, фазои ҳавои режими саҳюнистиро ноамн кунад.

Ин гурӯҳ пештар ва дар амалиётҳои гузашта ба сарзаминҳои ишғолӣ ҳушдор дода буд, ки дар сӯрати идомаи ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза, амалиёти худ алайҳи мавозеъи ин режимро ташдид хоҳад кард.

 

Барчасп