Апрел 06, 2024 13:43 Asia/Dushanbe
  • Асорати 200 кӯдаки фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ

Бошгоҳи усарои Фаластин дар гузорише эълом кард, 200 кӯдаки фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ дар асорат ба сар мебаранд.

Бошгоҳи усарои Фаластин афзуд, аз ин 200 кӯдаки фаластинӣ, ки дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ асир ҳастанд, 23 кӯдак аз аҳолии Ғазза дар зиндони Маҷду басар мебаранд.

Бар асоси ин гузориш, аз оғози амалиёти Тӯфони Ал Ақсо дар ҳафтуми октябри гузашта то кунун беш аз 500 мавриди боздошти кӯдакон дар Каронаи Бохтарии руди Урдун аз тарафи низомиёни режими саҳюнистӣ анҷом шудааст.

Дар баёнияи Бошгоҳи усарои Фаластин омадааст: Исроил танҳо режиме дар ҷаҳон аст, ки ба таври систематӣ байни 500 то 700 кӯдаки фаластиниро ҳар сола дар додгоҳҳои низомӣ муҳокима мекунад.

Бошгоҳи усарои фаластинӣ пештар дар гузорише эълом карда буд, аз оғози амалиёти Тӯфони Ал Ақсо шумори фаластиниёне, ки таҳти унвони боздошти идорӣ дар банди режими саҳюнистӣ ҳастанд, афзоиши чашмгире ёфта ва ба 3 ҳазору 558 нафар расидааст.

 

Барчасп