Апрел 28, 2023 18:20 Asia/Dushanbe
  • Даргирии марзӣ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон
    Даргирии марзӣ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон

Ҳукумати шаҳри Хоруғ бо таъйиди кушта шудани сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ин шаҳр, ба хонаводаи ин низомӣ изҳори ҳамдардӣ карда, ба наздиконаш сабри ҷамил хостааст.

Ба гузориши “Спутник”, сардори шуъбаи амнияти шаҳри Хоруғ, полковник Раҷабзода Комрон Исроил зимни амалиёти махсус барои пешгирӣ аз убури ғайриқонунии марз аз сӯи қочоқбарон кушта шудааст.

Дар ин бора шаҳрдории Хоруғ бо нашри як таъзиянома хабар додааст.

Манбаъ гуфт: "Шаби 28 апрели соли 2023 зимни анҷом додани амалиëти махсус барои пешгирӣ намудани убури ғайриқонунии марзи давлатӣ яке аз родмардони шуҷоъ, сардори шуъбаи амнияти шаҳри Хоруғ, полковник Раҷабзода Комрон Исроил ҷони худро қурбон намуд".

Таъкид шудааст, ки марги нобаҳангоми ин ҷавонмарди ҷавонмарг барои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва сокинони он низ талафоти бузург аст, зеро саҳми марҳум дар таъмини амнияту субот ва осудагии сокинони шаҳр ниҳоят бузург буд.

Гуруҳи мусаллаҳи қочоқбарон шаби 28 март қасди интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон кардаанд, ки дар натиҷа дар марз даргирӣ рух додаст.

Дар пайи даргирии мусаллаҳона бо қочоқбарони афғон дар Бадахшони Тоҷикистон як низомии тоҷик кушта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳодиса шаби 28 апрели соли 2023, соати 1:30 дақиқа рух додааст.

 

Барчасп