Май 15, 2023 18:05 Asia/Dushanbe
  • Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Дурнамои ҳамкориҳои фарҳанги ва ҳунари миёни Эрон ва Тоҷикистон бисёр равшан аст
    Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Дурнамои ҳамкориҳои фарҳанги ва ҳунари миёни Эрон ва Тоҷикистон бисёр равшан аст

Сафири Тоҷикистон дар Эрон муътақид аст, ки дурнамои ҳамкориҳои фарҳанги ва ҳунари миёни ду кишвар бисёр умедбахш аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Низомиддин Зоҳиди сафири Тоҷикистон дар Эрон зимни таъкид бар аҳамияти ҳузури кишвараш ба унвони меҳмони вижаи сивучаҳорумин намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон гуфт: Баргузидани Тоҷикистон ба унвони меҳмони вижаи сивучаҳорумин намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон фурсати бисёр хуб ва муғтанами аст аз тамоми дастандаркорони фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки чунин фурсати арзандаеро фароҳам карданд сипосгузорем эрониён камоли меҳмонавози ва ғояти мизбонии худро нишон доданд.

Вай такъид кард: Дар замони баргузории намоишгоҳ ҳайати фарҳангӣ бо сарпарастии вазири муҳтарами фарҳанги Тоҷикистон саркор хонуми Зулфия Давлатзода ба Эрон сафар кард ва рузи дувуми намоишгоҳ ба унвони рузи Тоҷикистон эълом шуд.

Дар ҳамин росто мо талош мекунем барномаҳои фарҳангии бисёреро доир кунем ва таъомули фарҳангӣ миёни Эрон ва Тоҷикистонро беш аз пеш иртиқо диҳем.

Сафири Тоҷикистон  унвон кард: Мо ширкат дар сивучаҳорумин намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳронро фурсати шоисата барои муаррифии дастовардҳои фарҳангӣ ва маънавии Ҷумҳурии Тоҷикистон медонем ва имкони бисёр муносиби ба манзури тақвияти таъомулоти фараҳнгӣ бо ҳузури Ҷумҳурии Исломии Эрон медонем байни мо ва эрониён муштаракоти бисёр дар заминаҳои мухталифи таърихи, фарҳангӣ, забони ва дини вуҷуд дорад ва ин муштаракот бистари муносиб барои рушди таъомулоти фарҳангӣ миёни ду кишвари дуст ва ҳамзабон мешавад.

Низомиддин Зоҳиди дар бахши дигари аз суханони худ ба собиқаи тулонии тафоҳумот ва таъомулоти фарҳангӣ ва ҳунари миёни ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон ишора ва дар ин бора баён кард: Дар тули 32 соле, ки аз истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад миёни ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон  200 санади ҳамкори ба имзо расида аст, ки қариб ба 60 дарсади ин санадҳо марбут ба бахши фарҳанг ва ҳунар ҳастанд, бино бар ин заминаи ҳуқуқии лозим барои ҳамкориҳои фаҳрангӣ ва ҳунари фароҳам аст.

Барчасп