Июл 26, 2023 13:58 Asia/Dushanbe
  • Тарвиҷи пардохтҳои ғайринақдӣ дар ресторанҳо, мағозаҳо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз сӯйи масъулони бонк
    Тарвиҷи пардохтҳои ғайринақдӣ дар ресторанҳо, мағозаҳо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз сӯйи масъулони бонк

Тайи шашмоҳаи имсол теъдоди истифодакунандагони кортҳои бонкӣ дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ба 750 ҳазор нафар расидааст.

Ҳамчунин дар ҳамин муддат 295 дастгоҳи худпардоз (банкомат) ва 490 поёнаи электронӣ дар минтақа насб шудааст.

Фирдавс Самадзода, мудири Бонки Миллии Тоҷикистон дар Бохтари вилояти Хатлон гуфт, барои тарвиҷи пардохтҳои ғайринақдӣ дар ресторанҳо, мағозаҳо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва марокизи хадамотӣ ҳудуди 340 поёнаи пардохт ва беш аз 3140 QR код насб шудааст.

Вай мегӯяд, 41 ҳазору 800 пардохт аз тариқи поёнаи почта ва QR код дар шашмоҳаи имсол анҷом шудааст, ки ҳудуди10 миллиону 300 ҳазор сомонӣ аст.

Вай гуфт, дар муддати шаш моҳ беш аз 42 миллион сомонӣ аз тариқи тақрибан 55 ҳазор пардохти ғайринақдии иҷборӣ бо истифода аз кортҳои пардохти бонкӣ ва эппликейшни мубойли KVD BA JSC "Amonatbank" анҷом шудааст.

 

Барчасп