Октябр 04, 2023 11:47 Asia/Dushanbe
  • Дар ҳошияи намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе»; нависандагону шоирони эронӣ бо сафири Эрон дар Тоҷикистон дидор карданд

Ҷамъе аз нависандагону шоирони эронӣ дар ҳошияи баргузории ёздаҳумин намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» бо Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дидор карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин дидор зимни муаррифии нависандагону шоирони ҳозир, дар бораи раванди омодасозии ғурфаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, теъдоди ановину мавзуоти китобҳои арза шуда, тақвияти равобити фарҳангии Эрону Тоҷикистон бар асоси иштирокоти фарҳангӣ, таърихӣ ва иҷтимоӣ, ҳимояти вижа аз барномаҳои фарҳангии ғурфаи Эрон, ҳимоят аз санъати нашру адабиёти Эрон гуфтугӯ шуд.

Ҳамчунин дар ин дидор, беҳбуди равобити дипломасии умумӣ ва фарҳангӣ ва рафъи суитафоҳумҳо байни ду кишвари Эрону Тоҷикистон ба дунболи тағйири равияи давлати сездаҳуму талош барои бозгушоии ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва лағви судӯри раводид барои ҳузур дар ду кишвар мавриди баҳс қарор гирифт.

Пешниҳоди ташкили коргурӯҳи адабӣ бо меҳварияти Хонаи китобу адабиёти Эрон барои иҷрои барномаҳои фарҳангӣ ва ҳузури нависандагону аҳолии фарҳанг дар ду кишвар аз дигар меҳварҳои мавриди баҳс дар ин дидор буд.

Дар ин дидор Мустафо Муҳаддисии Хуросонӣ, шоир- Муҳаммадалии Рукнӣ, нависанда ва Маҷиди Оқоӣ, устоди адбиёти намоишӣ ҳузур доштанд.

Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» то 5 октябр идома меёбад.

 

Барчасп