Ноябр 07, 2023 21:52 Asia/Dushanbe
  • 1-1; Натиҷаи бозии “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Персполис”-и Эрон
    1-1; Натиҷаи бозии “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Персполис”-и Эрон

Мусобиқа байни тимҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Персполис”-и Эрон бо тасовии 1 бар 1 ба поён расид.

Тимҳои футболи “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Персполис”-и Эрон аз ҳафтаи чаҳоруми Лигаи қаҳрамонони бошгоҳҳои Осиё рӯзи сешанбеи 7 ноябр аз соати 17: 30 ба вақти Эрон (19 ба вақти Тоҷикистон) дар майдони марказии Душанбе - пойтахти Тоҷикистон ба масофи ҳам рафтанд, ки дар поён ба тасовии 1 бар 1 бозӣ хотима ёфт.

Меҳдии Туробӣ дар дақиқаи 29 аз рӯи зарбаи озод голи “Персполис”-ро ба самар расонд ва Сенин Себай ҳам дар дақиқаи 74 занандаи голи “Истиқлол”-и Тоҷикистон буд.

Голи “Персполис”-и Эрон (дақиқаи 29: Меҳдии Туробӣ)

Голи “Истиқлол”-и Тоҷикистон (дақиқаи 74: Сенин Себай)

 

Бештар бихонед:

Барчасп