Феврал 13, 2024 11:57 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо муовини нави вазири умури хориҷаи ин кишвар

Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон рӯзи душанбе 12 феврал бо Насриддини Исматуллоҳ-муовини аввали тозамансубшудаи вазири умури хориҷаи Тоҷикистон мулоқот кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин дидор ҳамкориҳо ва вазъияти ҷории ҳоким бар равобити Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф мавриди баррасӣ ва табодули назар қарор гирифт.

 Ҳақиқиён зимни табрики интисоби ишон ба унвони муовини аввали вазири хориҷа, таҳаввулоти ахир дар муносиботи ду кишвар дар арсаҳои мухталифи ҳамкориро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод ва афзуд: Дар партави таваҷҷуҳоти раисони ҷумҳури ду кишвар, раванди ҳамкориҳо ва таомулоти ҳамаҷонибаи байни Эрон ва Тоҷикистон рӯ ба густариш буда ва табодули ҳайатҳои олирутба дар ҷараён аст.Дар ин дидор, Насриддини Исматуллоҳ зимни истиқбол аз тавсеаи ҳамкориҳо ва табодули ҳайатҳои олирутба, бар омодагии Тоҷикистон барои тадовуми раванди рӯ ба рушди ҳамкориҳо таъкид кард. Насриддини Исматуллоҳ бо ишора ба сафарҳои мутақобили мақомоти олирутбаи ду кишвар тайи солҳои ахир, тасреҳ намуд, ин вазъият нишондиҳандаи сатҳи болои муносиботи ҳамаҷонибаи байн ду кишвари дӯст ва бародар аст.

 

Барчасп