Аз 7 то 17 сол дархости зиндон барои кормандони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон
(last modified Wed, 13 Sep 2017 04:09:09 GMT )
Сентябр 13, 2017 09:09 Asia/Dushanbe
  • Аз 7 то 17 сол дархости зиндон барои кормандони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон

Намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон барои шаш нафар аз кормандони боздоштшудаи Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии ин кишвар аз 7 то 17 соли зиндон дархост кардааст.

Ба гузориши  хабаргузории “Авесто”, намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон дар муҳокимаи додгоҳии шаш корманди боздоштшудаи Ожонси давлатии мубориза бо фасод, ки пушти дарҳои баста, бидуни ҳузури аъзои хонаводаҳо ва рӯзноманигорон дар ҳоли баргузорӣ аст, ба иттиҳоми қаллобӣ, дарёфти ришва ва сӯистифода аз симмати давлатӣ барои Фирӯз Холмуродзода 17 сол, барои Фирдавс Абдулғаффорзода 15 сол, барои Амиршоҳ Султонзода 12 сол ва барои ҳар яке аз се муттаҳами дигари ин парванда 7 соли зиндон дархост кардааст. Додгоҳи Олии Тоҷикистон акнун машварат дар мавриди судури ҳукми маҳкумият барои ин афродро оғоз кардааст ва пешбинӣ мешавад, ки дар рӯзҳои наздик ҳукми онон эълом шавад. Муҳокимаи 10 корманди боздоштшудаи Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон 19 июл оғоз шудааст.

Қаблан Додгоҳи Олии Тоҷикистон Давлатбек Хайрзода, муовини собиқи раиси Ожонси мубориза бо фасоди ин кишвар ва Фаридун Беназирзода, муовини раиси бахши Кумитаи гумрук дар Хуҷанд, корманди собиқи ин ожонсро ба иттиҳоми қаллобӣ, дарёфти ришва ва сӯистифода аз симмати давлатӣ ба муддати 10,6 сол ба зиндон маҳкум карда буд.

Тоҷикистон дар раддабандии Созмони шаффофияти байналмилалӣ аз нигоҳи ришвахорӣ ва фасоди молӣ дар ҷойгоҳи 152-уми ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.

 

Барчасп