Август 29, 2019 11:02 Asia/Dushanbe
  • Пардохти ҷаримаи молии 6 нафар аз ҳоҷиёни тоҷик барои поймолсозии қонуни танзими маросим

6 нафар аз ҳоҷиёни тоҷик барои поймолсозии қонуни танзими маросим ҷаримаи молӣ пардохт хоҳанд кард.

Ба нақл аз сомонаи Кумитаи давлатии умури динӣ, танзими ҷашн ва маросими Тоҷикистон, сухангӯи Кумитаи давлатии умури динӣ, танзими ҷашну маросими ин кишвар аз ирсоли парвандаи 6 нафар аз ҳоҷиёни тоҷик ба иттиҳоми нақзи қонуни танзими ҷашну маросими ин кишвар ба додгоҳ хабар дод.

Афшин Муқим гуфт, ки ин 6 ҳоҷӣ, ки ба тозагӣ аз сарзамини ваҳй ба кишвари хеш бозгаштанд бо баргузории маросими зиёфати муҷаллал қонуни танзими маросими Тоҷикистонро поймол кардаанд.

Вай таъкид кардааст, ки ин 6 нафар аз сокинони шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи пойтахти Тоҷикистон ҳастанд, ки бо вуҷуди ҳушдори масъулони Кумитаи давлатии умури динӣ, танзими ҷашну маросими ин кишвар қабл аз сафар ба Макка ва ҳангоми бозгашти онон дар мавриди худдорӣ аз баргузории маросим ва додани зиёфат ба меҳмонон даст ба иқдоми хилофи қонун задаанд, ки дар додгоҳ ба пардохти ҷаримаи молӣ маҳкум хоҳанд шуд.

Бар асоси қонуни танзими ҷашну маросими Тоҷикистон ҳар навъ истиқбол ва пазироӣ аз ҳоҷиён фақат дар манзили маскунӣ ва бо ҳузури аъзои хонаводаи ин ашхос муҷоз аст.

Қонуни танзими ҷашну маросими Тоҷикистон барои ашхоси мухталиф ҷаримаи молиии 5 ҳазору 500 сомонӣ дар назар гирифтааст. 

Барчасп