Июл 19, 2020 20:56 Asia/Dushanbe
  • Муҷозот барои нақзи қавонини молиёт, танзими ҷашну маросим ва масъулияти волидайн дар Тоҷикистон

Додситонии кулли Тоҷикистон омори нақзи қавонини молиёт, танзими ҷашну маросим ва масъулияти волидайн дар тарбияти фарзандон, таи 6 моҳи нахусти соли ҷорӣ дар ин кишварро мунташир кард.

Ба нақла з сомонаи Спутник, дар ин муддат ба далели нақзи қонуни пардохти молиёт 1 546 нафар муҷозот шуда, маблағи  122 миллиону 700 ҳазор сомонӣ пинҳонкории молиётӣ ошкор ва ин маблағ ба буҷаи давлат пардохт шудааст.

Ҳамчунин дар ин муддат дар бахши қонуни танзими ҷашну маросим, 744 маврид тахаллуф ифшо шуда ва алайҳи 240 нафар парвандаи ҷиноӣ ташкил гардидааст.

Бар асоси ҳукми додгоҳҳо, 358 мақоми  масъули давлатӣ барои нақзи қонуни танзими ҷашну маросим маҳкум ба пардохти ҷаримаи молӣ шудаанд.

 

 

Барчасп