Феврал 09, 2021 14:12 Asia/Dushanbe
  • Дар пайи нақзи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистони 609 мавриди парванда ташкил шуда аст
    Дар пайи нақзи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистони 609 мавриди парванда ташкил шуда аст

Мақомоти Додгоҳи олии Тоҷикистон эълом карданд, ки дар соли 2020 дар ин кишвар 15 ҳазор парванда дар иртибот бо нақзи қонуни масъуляти падарону модарон дар тарбияти фарзанд ва 609 маврид нодида гирифтани қонуни танзими ҷашну маросим дар додгоҳҳо баррасӣ шудааст.

Ба гузориши дафтари матбуотии Додгоҳи олии Тоҷикистон, бо ҳукми додгоҳҳои ин кишвар дар соли 2020 беш аз 7 ҳазору 200 нафар ба иттиҳоми нақзи қонуни масъуляти падару модарон дар тарбияти фарзанд ба пардохти як миллиону 100 ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум шудаанд.

Ҳамчунин ба беш аз 6 ҳазор нафар ба иттиҳоми мушобеҳ тазаккур дода шудааст.

Аммо бо баррасии 609 мавриди нақзи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар додгоҳҳои Тоҷикистон афроди мутахаллиф ба пардохти 2 миллиону500 ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум шудаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2018 бо ислоҳи қонуни танзими ҷашну маросим, ҷаримаи афроди мутахаллифро афзоиш дод, ки бар асоси он, кормандони давлат дар сурати нақзи қонуни ҷашну маросим 25 ҳазор сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд.

Аммо агар фаъолони бахши хусӯсӣ муттаҳам бошанд, бояд 35 ҳазор сомонӣ ҷаримаи молӣ пардохт кунанд.

Ҳол он ки дар қонуни қаблӣ мизони ҷарима барои ин афрод ба тартиб аз 12 то 13 ва аз 23 то 25 ҳазор сомонӣ муқарар шуда буд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

 

Барчасп