Писари Одинаев ба 6 соли зиндон маҳкум шуд
Додгоҳи шаҳри Ҳисор Шайх Муслиҳиддин, фарзанди Муҳаммадмурод Одинаев, муовини Ҳизби сотсиал –демократи Тоҷикистонро ба 6 соли зиндон маҳкум кард.
Ба гузориши сомонаи «Пресса Тҷ», додгоҳ иттиҳоми Шайх Муслиҳиддинро авбошӣ эълом кардааст.
Ин дар ҳоле аст, ки як моҳ қабл додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадмурод Одинаев, муовини Ҳизби сотсиал -демократи Тоҷикистонро ба иттиҳоми авбошӣ ва даъват ба ифротигарӣ ба 14 соли зиндон маҳкум карда буд.
Ҳамчунин ин додгоҳ Ҳабибуллоҳ Ризоев, писари дигари Муҳаммадмурод Одинаевро ба пардохти 58 ҳазор сомонӣ ҷаримаи молӣ ба иттиҳоми авбошӣ маҳкум кард.
Наздикони хонаводаи Одинаев мегӯянд, ки писарони ин чеҳраи сиёсии мухолифи давлати Тоҷикистон қурбонии фаъолиятҳои падарашон шудаанд.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни эъломи ҳукми Муҳаммадмурод Одинаев ва фарзандонаш дар ин ду додгоҳ ба баҳонаи маҳрамона будани парванда ба намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ, расонаҳои хабарӣ ва аъзои хонаводаи Одинаев иҷозаи вуруд ба ҷаласа дода нашудааст.
Бештар бихонед:
- Додситонии кулли Тоҷикистон: Ҳукми содиршудаи Муҳаммадмурод Одинаев дуруст аст
- Дархости 15 сол зиндон барои Муҳаммадмурод Одинаев
- Эъломи иттиҳоми авбошӣ ба писарони Муҳаммадмурод Одинаев