Бонки Ҷаҳонӣ: Тарҳи қонуни нави андози Тоҷикистон умедворкунанда аст
Намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон тарҳи қонуни нави андозро барои беҳбудии фаъолияти бахши хусусии Тоҷикистон умедбахш донист.
Ба гузориши сомонаи «ТоҷВик», Ян-Петер Олтерз дар бистуякумин нишасти Шӯрои машваратии беҳбудии фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ки интизор меравад тарҳи қонуни нави андози ин кишвар бахши хусусиро ба сармоягузорӣ, афзоиши тавлиди маҳсулот, истифода аз фанновариҳои нав ва шаффофсозӣ дар пардохти андоз ташвиқ кунад.
Вай яке аз монеаҳои фаъолияти бахши хусусӣ ва фирори молиётиро таҳқиқу санҷиши беш аз андозаи ниҳодҳои назоратӣ дар Тоҷикистон унвон кардааст, ки боиси бемайлии фаъолони иқтисодӣ дар ин кишвар мешавад.
Намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон бо ишора ба нобаробариҳои мавҷуд дар додани имтиёзу сабукиҳои андозӣ ба ширкатҳои давлатӣ ва хусусӣ, яксонсозии эътои ин имтиёзҳоро хостор шуд.
Ба тозагӣ Вазорати молияи Тоҷикистон тарҳи Қонуни нави андозро барои баррасӣ мунташир кардааст, ки дар муқоиса бо қонуни қаблӣ 96 сафҳа бештар будаву анвои молиёти давлатиро аз 8 навъ ба 6 навъ коҳиш додааст.
Ин андозу молиётҳо шомили андоз аз маош, андоз аз арзиши афзуда, андози иҷтимоӣ, андоз аз манобеи табиӣ, андоз аз фурӯши алюминий ва андози маҳаллӣ аст.
Ҳамчунин дар тарҳи қонуни нави андози Тоҷикистон коҳиши андоз аз арзиши афзуда аз 18 дарсади феълӣ ба 15 дарсад мавриди тавваҷуҳ қарор гирифтааст, ки шомили афроде мешавад, ки фаъолияти иқтисодии онон ғайринақдӣ аст ва барои фаъолиятҳои нақдӣ мизони андоз аз арзиши афзуда 18 дарсади қаблӣ боқӣ хоҳад монд.
Бештар бихонед:
- Тарҳи қонуни нави андози Тоҷикистон барои баррасӣ мунташир шуд
- Раҳмон барои таҳияи қонуни нави андоз замон таъйин кард
- Андози сангин ширкатҳои тоҷикистониро ба Узбакистон гурезонидааст