Март 02, 2021 14:05 Asia/Dushanbe
  • Дар соли 2020 барои афроди бекор дар ин кишвар 193 ҳазор фурсати шуғлӣ фароҳам шудааст
    Дар соли 2020 барои афроди бекор дар ин кишвар 193 ҳазор фурсати шуғлӣ фароҳам шудааст

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эҷоди як миллиону 600 ҳазор фурсати шуғлӣ дар ин кишвар дар 8 соли ахир хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Ховар, Ширин Амонзода гуфтааст, ки дар ин муддат бо талошҳои вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон 451 ҳазору 300 нафар дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ ва тиҷории ин кишвари машғӯл ба кор шудаанд.

Ҳамчунин бо иттико ба манобеъ буҷети ҳукумати Тоҷикистон наздик ба 160 ҳазор нафар давраи омӯзишҳои фаннӣ ва ҳирфаиро фаро гирифтаанд.

Ҳамчунин ба беш аз 36 ҳазор нафар барои фаъолият дар бахши хусӯсӣ 12 миллионсомонӣ қарзи худиштиғолӣ бо баҳраи поин пардохт шудааст.

Ба гуфтаи Амонзода дар соли 2020 барои афроди бекор дар ин кишвар 193 ҳазор фурсати шуғлӣ фароҳам шудааст.

Теъдоди афроди шоғил дар Тоҷикистон ҳамакнун ба 2 миллиону 463 ҳазору 400 нафар расида, ки дар муқоиса бо соли 2019 беш аз 3,7 дарсад афзоиш нишон медиҳад.

Аз сӯи дигар танҳо дар шаҳри Душанбе дар соли 2020 беш аз 24 ҳазор фурсати шуғлӣ эҷод ва 3 корхона ва коргоҳ ифтитоҳ шудааст.

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп