Май 30, 2021 20:26 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрикии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани солрӯзи ташкили Нерӯи марзбонӣ

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёме солрӯзи ташкили Нерӯи марзбони (Қушунҳои сарҳади)-и Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишварро табрик гуфт.

Ба гузориши “Ховар”, дар ин паём Эмомалӣ Раҳмон аз Нерӯҳои марзбонӣ ба унвони сипари қобили эътимоди кишвар ва мардуми Тоҷикистон ёд кард, ки шабонарӯз барои муҳофизат аз тамомияти арзӣ ва суботи кишвар, бо шуҷоат вазифаи фарзандии худро дар қиболи меҳану мардуми Тоҷикистон анҷом медиҳанд.

Ӯ дар идомаи паёми худ фаро расидани бистуҳафтумин солгарди ташкили Нерӯи марзбониро табрик гуфт.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин изҳор дошт: Нерӯи марзбонӣ дар сахттарину ҳассостарин замонҳои таърихи Тоҷикистон ташкил шуд ва сарбозону коркунони ин нерӯ на танҳо дар эҷоди суботи миллӣ, ҳифозат аз марзҳо ва амнияти умумӣ саҳми босазое доранд, балки саҳми муҳиме ҳам дар барқарорӣ ва ҳифзи истиқлоли сиёсии давлати Тоҷикистон ифо мекунанд.

Ӯ идома дод: Тақвият ва таъсиси воҳидҳои марзбонӣ, эҷоди шароити матлуб барои ироаи хадамот ва зиндагии коркунон, аз авлавиятҳои ҳамешагии давлати Тоҷикистон будааст.

Раҳмон афзуд: Нерӯҳои марзбонӣ аз нахустин рӯзҳои таъсис, шаҳомату исори фаровоне дар дифоъ аз марзҳои кишвар аз худ нишон доданд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи паёми худ бо ишора ба ин ки дар солҳои ахир амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми минтақа аз сӯи гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ ва қочоқчиёни маводи мухаддир таҳдид шудааст, гуфт: Дар чунин шароите афсарону сарбозони шуҷои Нерӯҳои марзбонӣ, ки дар хатти муқаддами муҳофизати суботи мардуми Тоҷикистон ва амнияти кишвар ва ҷомеа ҳастанд, бояд бо инзибот, омодагии размии худро барои дифоъ аз кишвар ва мардум ҳифз кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард: Марзбонони шуҷои кишвар ба унвони фарзандони вафодори мардуми Тоҷикистон ва мудофеони шуҷои марзҳои меҳани азиз ҳамеша омодаи дифоъ аз ҳокимият, амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа хоҳанд буд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп