Август 20, 2021 21:30 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон
    Эмомалӣ Раҳмон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи азхуд кардани 5 миллиону 200 ҳазор сомонӣ дар Вазорати молия интиқод кард.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ифтитоҳи сохтмони ҷадиди Вазорати молияи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба муносибати фарорасии 30 –юмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон гуфт, ки ин азхудкунии маблағ дар дафтари марказии ин вазорат ифшо шудааст.

Вай таъкид кардааст, ки фаъолияти молии 27 корхонаи давлатӣ, ки назорат бар ин марокиз бар уҳдаи Вазорати молияи Тоҷикистон мебошад, нигаронкунанда аст. Зеро дар соли 2020 ин корхонаҳо 4 миллиарду 900 миллион сомонӣ зиён дидаанд.

 

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 20 августи соли ҷорӣ ҳамчунин дар шаҳри Душанбе сохтмони ҷадиди Вазорати молия дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мактаби донишомӯзони тезҳӯш дар ноҳияи Шоҳмансур, меҳмонхонаи чаҳорситора ва чанд тарҳи дигарро ифтитоҳ кард.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп