Дидори раисони вилоятҳои Суғду Ботканд ва озодии донишомӯзони боздоштшудаи қирғиз
(last modified Sun, 26 Sep 2021 05:52:50 GMT )
Сентябр 26, 2021 10:52 Asia/Dushanbe
  • Бар асоси тавофуқи дуҷониба ду донишомӯзи боздоштшудаи қирғиз аз сӯи тоҷикҳо озод шудаанд
    Бар асоси тавофуқи дуҷониба ду донишомӯзи боздоштшудаи қирғиз аз сӯи тоҷикҳо озод шудаанд

Дар дидори раисони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон танишҳои ахири марзӣ, зарбу лати донишомӯзон ва зарурати поён додан ба ин ихтилофот баррасӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи АКИ пресс, Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдулкарим Олимбоев ба ҳамроҳи раисони ноҳияҳои Исфара, Ботканд ва Лайлак ва бо ҳузури масъӯлони амниятӣ ва интизомии маҳаллӣ дар бораи ҳаводиси ахир ва зарбу лати донишомӯзони тоҷик аз сӯии қирғизҳо ва боздошти ду донишомӯзи қирғиз аз сӯи марзбонони ноҳияи Исфара баҳсу табодули назар карданд .
Бар асоси тавофуқи дуҷониба ду донишомӯзи боздоштшудаи қирғиз аз сӯи тоҷикҳо озод шудаанд
.Аммо ахиран гузориш расидааст, ки як мошини боркаши ҳомили шаҳрвандони  Тоҷикистон дар марзи ноҳияҳои Исфара ва Ботканд аз сӯи қирғизҳо мавриди партоби санг қарор гирифта ва хисороте ба ин мошин ворид шудааст.
Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо бар сари аломатгузории 520 километри он тавофуқ шуда ва ҳар аз чанд гоҳе даргириҳову танишҳо миёни манотиқи марзии ду кишвар рух медиҳад .


Бештар бихонед :