Январ 17, 2022 11:29 Asia/Dushanbe
  • Вогузории итмоми сохти меҳмонхонаи 5 ситораи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба 3 ширкати туркӣ

Се ширкат аз Туркия такмили меҳмонхонаи 5 ситораи Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанберо бар уҳда гирифтанд.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷ Вик”, сохти ин меҳмонхона аз 13 соли қабл оғоз шуда ва акнкн се ширкати туркӣ кори такмили ин тарҳро бар уҳда гирифтаанд.

Ин меҳмонхонаи 17 табақа дар маркази шаҳри Душанбе воқеъ шудааст, ки шомили ду ҳавз (истахр) мебошад ва якеи он сарпӯшидаву барои кӯдакон аст.

Паркинг бо зарфияти 44 мошин ва 250 утоқ барои меҳмонони хориҷӣ аз дигар имконоти ин ҳотел аст.

Гуфта мешавад, ки ширкатҳои паймонкори сохти ҳотели 5 ситораи Исмоили Сомонӣ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе аз пардохти молиёт озод ҳастанд.

Маросими имзои созишномаи вогузории такмили ҳотели 5 ситораи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба ширкатҳои Туркия бо ҳузури сафири Туркия дар Тоҷикистон ва раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбеи Тоҷикистон баргузор шуд.

 

 

 

Барчасп