Дармонҳои табиӣ барои гирифтагии бинӣ
(last modified Wed, 03 Jul 2019 09:03:17 GMT )
Июл 03, 2019 14:03 Asia/Dushanbe
  • Дармонҳои табиӣ барои гирифтагии бинӣ

Дармони гиёҳӣ метавонад роҳи ҳалли муносибе барои рафъи гирифтагии бинӣ ба ҳар далиле бошад.

Ба гузориши Фарҳангниюс бархе аз ашхос дар тули зиндагии худ мубтало ба гирифтагии бинӣ ҳастанд ва бархе бар асари сармо ба ин касалӣ мубтало мешаванд ва ба сахтӣ метавонанд нафас кашанд ;чун ин узви бадан бисёр ҳассос аст ва дар асари тағйири дараҷаи ҳаво зуд мегирад.

Бинӣ дараҷаи ҳавоеро, ки вориди шушҳо мешавад танзим мекунад ва вақте дар ҳавои сард қарор мегирад талош мекунад дараҷаи ҳавои вурудӣ ба шушҳоро дар ҳадди табиӣ ҳифз кунад, аммо агар дараҷаи ҳаво сардтар ё гармтар аз ҳадди мутаодили бинӣ бошад, боиси гирифтагӣ ва обрезиши бинӣ мешавад.

Албатта далелҳои мухталифе монанди инҳирофи бинӣ, мушкилоти ҷанинӣ, варамҳои хушхим ва бадхим, бузургии ангена, шамолхурдагӣ, ҳассосият, ихтилолоти гормонӣ, стресс ва доруҳои фишори хун омилҳое ҳастанд, ки боиси гирифтагии бинӣ мешаванд.

Аммо бо дармонҳои муносиб ва табиӣ метавон аз шарри гирифтагии бинӣ халос шуд.Гиёҳи овишан( ба русӣ "тимья́н") зиддиуфуникунанда аст ва барои нафас кашидан бисёр хуб аст; як то 2 грам гиёҳи хушки овишанро дар як финҷон оби ҷушида бирезед бигзоред даҳ дақиқа бимонад, то дам бикашад нушидани 3 финҷон чойи овишан бо асал дар рӯз ба муддати се ҳафта гирифтагии биниро бартараф мекунад.

Як қатра аз дамкардаи овишани тунукро дар як косаи оби гарм бирезед ва ба муддати 15 дақиқа онро бибуед.

Ҳушдор:Истеъмоли дамкардаи овишан барои занони бордор, солмандон ва кудакон иҷозат дода намешавад.

Овишани лалмии кучак низ як гиёҳи бисёр асарбахш барои гирифтагии бинӣ аст; 5 то 10 қатра дамкардаи овишани лалмиро метавон бо миқдоре барги  эвкалипт(дарахте шабеҳи маҷнунбед)  дар як косаи оби гарм омехта кард ва 3 бор дар рӯз истиншоқ кард, то гирифтагии бинӣ бартараф шавад.

Наъноъ: 3 то 2 қатраи равғании пудинаро дар як косаи оби ҷуш рехта ва беш аз 15 дақиқа онро истиншоқ кунед(бибуед) дар ҳангоми истиншоқ чашмҳои худро бибандед.

Ҳушдор: Дамкардаи пудина ҳаргиз набояд барои кудакони зери 6 сол истифода шавад.

Эвкалипт як дармони табии бисёр хуб барои гирифтагӣ ва нафаскашии роҳат аст; чанд қатра аз дамкардаи барги эвкалиптро дар як косаи оби гарм бирезед ва сачоқро руйи сар ба тавре, ки руйи пешониро бигирад қарор диҳед ва ба муддати 5 дақиқа истиншоқ кунед; ин корро ду бор дар рӯз анҷом диҳед.

Ҳушдор: Аз ин дамкарда бидуни машварат бо пизишк барои занони бордор, занони ширдеҳ ва кудакони зери 6 сол истифода нашавад.

Витамини С барои  сармохурдагӣ бисёр муфид аст, вируси сармохурдагиро аз байн мебарад ва ба тақвияти рагҳои хунӣ кумак мекунад дар натиҷа боиси коҳиши дарди бинӣ ва пешгирӣ аз обрезиши бинӣ мешавад. Афроди мубтало ба гирифтагии бинӣ бояд маводи ғизоӣ, ки дорои витамини С аст, истеъмол кунанд.

Доругиҳои зидди сардард табиӣ аст; ғизоҳои тунд гирифтагии биниро аз байн мебаранд.

Биниро мартуб(тар) кунед; Бо мартуб кардани бинӣ  ғализиҳои дохили бинӣ осонтар хориҷ мешаванд ва гирифтагии бинӣ аз байн меравад ва нушидани об низ микроби баданро тахлия мекунад.

Барчасп