Ноябр 14, 2023 12:32 Asia/Dushanbe
  • Узви баландпояи Ҳамос : Иддаои ҳузури афроди мусаллаҳ дар бемористонҳои Ғазза дуруғ аст

Узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос гуфт: Иддаои режими саҳюнистӣ дар бораи ҳузури афроди мусаллаҳ дар бемористонҳои Ғазза дуруғи маҳз аст.

Ба гузориши шабакаи Алҷазира, Халил Алҳия бо ишора ба ин, ки душмани саҳюнистӣ ҳеҷ далеле барои исботи иддаоҳои худ дар мавриди бемористонҳои Ғазза надорад, гуфт,ки сустии душмани саҳюнистӣ мӯҷиби ба бунбаст расидани оташбаси инсонӣ дар Ғазза шудааст, тасреҳ кард: Режими ишғолгари Қудс намехоҳад оташбасе анҷом шавад, ки ба мӯҷиби он кумакҳои башардӯстона вориди Ғазза шавад.

 Алҳия афзуд: Душмани саҳюнистӣ ҳар бор пешниҳодотеро, ки бо он мувофиқати аввалия сурат мегирад, канор мегузорад ва қасди ҷудосозии асирони хориҷӣ ва исроилиро дорад.

 Узви аршади Ҳамос дар поён гуфт: Душмани саҳюнистӣ дар расидан ба тавофуқи оташбас сустӣ мекунад, то ба ҷиноёти бештаре зидди Ғазза даст занад.

 Гурӯҳҳои фаластинӣ ҳам дар ҳамин робита дар баёнияе , иддаоҳои сухангӯи артиши ишғолгар дар бораи ҳузури афроди мусаллаҳ дар бемористони Аррантисиро, ки ривояти нодуруст аст, рад карданд.

 Гурӯҳҳои фаластинӣ дар ин баёния бори дигар аз тимҳои Созмони Миллал ва Салиби Сурх хостанд барои ҳифозат аз бемористонҳо ва ҷилавгирӣ аз пинҳон кардани ҳақиқатҳо ба бемористонҳои Ғазза биёянд.

 То кунун дар асари ин иқдоми ҷинояткорона 11 ҳазору 240 фаластинӣ шаҳид шуданд, ки аз ин теъдод 4 ҳазору 630 нафар кӯдак ва 3 ҳазору 130 зан ҳастанд.

 

Барчасп