Вуруди нерӯҳои артиши Сурия ба шаҳри Дайр-аз-Зӯр ва шодии мардум + видео
(last modified 2017-09-04T09:57:36+00:00 )
Сентябр 04, 2017 14:57 Asia/Dushanbe

Нахустин гурӯҳ аз нерӯҳои артиши Сурия ва муқовимати Ҳизбуллоҳи Лубнон бо шикастани муҳосираи сесолаи шаҳри Дайр-уз-Зӯр вориди ин шаҳр дар шарқи Сурия шуданд.

Ба гузориши ИРНА, манобеи майдонии сурӣ шомгоҳи якшанбе эълом карданд, ягонаҳои пешрави артиши Сурия ва нерӯҳои муқовимат бо шикасти муҳосираи шаҳри Дайр-аз-Зӯр вориди мақарри тип (лашкар)-и низомии 137 дар ғарби ин шаҳр шуданд ва худравҳо бо истифода аз баландгӯ хабари шикаста шудани муҳосираи шаҳрро ба мардум эълом карданд.

Мардуми Дайр-аз-Зӯр низ бо шунидани эъломи шикаста шудани муҳосираи шаҳр ба кӯча ва хиёбонҳо омаданд ва вуруди нерӯҳои артишро ҷашн гирифтанд.

Террористҳо, ки аз шодии мардуми Дайр-аз-Зӯр ба хашм омада буданд, шомгоҳи якшанбе бо хумпора манотиқеро, ки мардум дар он гирд омада буданд, ҳадаф қарор доданд, ки дар ин ҳамла дастикам панҷ нафар кушта ва иддае маҷрӯҳ шуданд.

Муҳаммад Иброҳим Самира, раиси вилояти Дайр-аз-Зӯр  рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо “Рейтерз” таъкид кард, шаҳри Дайр-аз-Зӯр , маркази ин вилоят дар ояндаи наздик ба таври комил дар ихтиёри артиши Сурия қарор мегирад.

Сокинони шаҳри Дайр-аз-Зӯр  дар наздикии марзҳои Ироқ аз соли 2014 дар муҳосираи гурӯҳи террористии ДИИШ ҳастанд, аммо дар ин муддат дар баробари террористҳо ба муқовимат идома додаанд.

 

Барчасп