Вокуниши Ансоруллоҳ ба изҳороти бин Салмон дар бораи оташ бас дар Яман
(last modified 2019-10-01T10:31:21+00:00 )
Октябр 01, 2019 15:31 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Ансоруллоҳ ба изҳороти бин Салмон дар бораи оташ бас дар Яман

Раиси Кумитаи олии инқилобии Яман хурсандии Муҳаммад бин Салмон дар бораи тарҳи оташ баси ин гуруҳ дар Яманро мусбат арзёбӣ кард.

Ба нақл аз Исно, Муҳаммадалӣ Алҳусӣ раиси  Кумитаи олии инқилобии Яман ва узви Шурои сиёсии олии мустақар дар Санъо дар Твиттер навишт, ибрози хурсандии Муҳаммад бин Салмон валиаҳди саудӣ нисбат ба тарҳи таваққуфи ҷанг мусбат аст, аммо мебоист қабл аз шуруи ҷанг ба ин масъала мерасид.

Вай афзуд, табдили муноқиша ба музокира ниёз ба ҷиддияти онҳо ва таомул ва руйкардашон бовоқеият ба дур аз ҳаргуна диктан карданҳо дорад, зеро диктан кардан фоидае нахоҳад дошт балки монеаҳоеро дар масири таваққуфи ҷанг ва дастёбӣ ба сулҳи доимӣ эҷод мекунад.

Ин изҳороти Ҳусӣ дар вокуниш ба ҳарфҳои Бин Салмон дар мусоҳиба бо барномаи 60 дақиқа-и шабакаи CBS-и Амрико буд, ки дар бораи музокира барои поёни ҷанги Яман гуфт, мо ҳар рӯз ин корро анҷом медиҳем, аммо талош мекунем ин баҳс ва муноқиша дар майдон иҷро шавад.

Вай афзуд Ҳусиҳо ахиран сулҳеро матраҳ кардаанд, ки гоме мусбат дар масири музокироти сиёсии ҷиддитар аст.

Барчасп