Барканории имоми ҷамоати масҷиди Қубо дар Арабистон ба далели дархости озодии зиндониён
(last modified 2020-03-29T04:24:30+00:00 )
Март 29, 2020 09:24 Asia/Dushanbe
  • Барканории имоми ҷамоати масҷиди Қубо дар Арабистон ба далели дархости озодии зиндониён

Мақомҳои саудӣ имоми ҷамоати масҷиди Қубо дар шаҳри Мадинаро, ки хостори озодии шуморе аз зиндониёни ин кишвар ба далели густариши вируси корона шуда буд, барканор карданд.

Ба гузориши ИРНА, Солеҳ ал-Амғомсӣ, имоми ҷамоати масҷиди Қубо дар шаҳри Мадинаи Арабистон, ҷумъашаб дар Тветтер навишт: Дар шароите, ки вируси корона дар ҳоли густариш аст, зиндониёнеро, ки гуноҳҳои сабук доранд афв кунед, аммо соҳибони гуноҳҳои вазнин, бояд давраи қонунии маҳкумияти худро сипарӣ кунанд.

Пас аз ин туити имоми ҷамоати масҷиди Қубо, мақомҳои саудӣ вайро барканор карданд.

Давлати Арабистон тайи ду соли ахир ба вежа пас аз рӯйи кор омадани Муҳаммад бин Салмон-валиаҳди саудӣ, иқдомоти шадиде алайҳи нависандагон ва фаъолони маданӣ анҷом дода ва даҳҳо нафар аз рӯҳониён, шоҳзодагон, фаъолон маданӣ ва мазҳабиро ба баҳонаи иқдом алайҳи амнияти ин кишвар боздошт ва то кунун шуморе аз ононро ба марг маҳкум кардааст.

Дар ҳамин ҳол Созмони дидабони ҳуқуқи башар дар гузорише эълом кард: Аз июни 2017 даҳҳо тан аз мухолифони ҳукумати саудӣ дар боздошт ҳастанд ва бархе аз онон низ зери шиканҷа қарор доранд ва ин боздоштҳо бо қудрат гирифтани Муҳаммад бин Салмон- валиаҳди режими саудӣ шиддат ёфтааст.

 

Барчасп