Афзоиши 150 нафар ба мубталоёни корона дар Фаластини ишғолӣ; 124 низомии саҳюнист низ мубтало шуданд
(last modified 2020-04-19T06:04:36+00:00 )
Апрел 19, 2020 11:04 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 150 нафар ба мубталоёни корона дар Фаластини ишғолӣ; 124 низомии  саҳюнист низ мубтало шуданд

Артиши режими саҳюнистӣ мегӯяд дар канори афзоиши 150 нафарии мубталоён ба корона дар Фаластини ишғолӣ, 124 низомии ин режим низ ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Форс,алорағми тадбирҳои сахтгирона ва карантинаи умумие, ки дар Фаластини ишғолӣ барқарор шуда, вируси корона ҳамчунон дар ҳоли густариш дар ин минтақа аст.  

Шумори мубталоён ба корона дар Фаластини ишғолӣ дар арзи чанд соати гузашта афзоиши 150 нафарӣ доштааст, ки шумори кулли мубталоёнро ба 13256 нафар расонд.  

Ҳамчунин дар ҳамин фосилаи замонӣ 14 нафар бар асари ибтило ба ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд. Бад-ин тартиб теъдоди кулли қурбониёни коронавирус дар Фаластини ишғолӣ ба 165 нафар расид

Сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ бо эъломи ин хабар, гуфт, ки то кунун 1310 низомиро ба далели эҳтимоли гирифторӣ ба вируси корона карантина кардаанд

Ин дар ҳоле аст, ки гузориши маҳрамонае дар парлумони режими саҳюнистӣ  нишон медиҳад, ин режим барои муқобила бо вируси ҷадиди корона, таҷҳизоти дармонии кофӣ надорад.

 

Барчасп