Вокуниши Кувайт ба иддаои Трамп дар бораи оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ
(last modified Mon, 21 Sep 2020 12:21:33 GMT )
Сентябр 21, 2020 17:21 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Кувайт ба иддаои Трамп дар бораи оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ

Изҳороти Раиси Ҷумҳурии Амрико дар бораи иштиёқи Кувейт барои барқарории равобит бо режими саҳюнистӣ вокунишҳои густардаи маҳофили дохилии Кувайтро барангехт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз торнамои  шабакаи хабарии Ал-Олам , бархе « манобеи олирутба дар давлати Кувайт » таъкид карданд, ки мавзеи ин кишвар дар бораи оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ собит асту тағйир накарда аст .
Рӯзномаи Кувайтии Ал-қабас ба нақл аз ин манобеъ навишт : Кувайт бо ҳеҷ фишоре барои тағйири мавзеи собиту мухолифи худ барои оддиисозии равобит бо режими саҳюнистӣ рӯ ба  рӯ нест ва ин тасмими Кувайт  як мавзӯи ҳокимиятӣ аст, ки тағйир намекунад .
Ин манобеъ ҳамчунин таъкид карданд, ки Кувайт дар канори миллати Фаластин барои дастёбӣ ба ҳуқуқи комили худ истодааст .
 Имороту Баҳрайн  ҳафтаи гузашта дар Раиси Ҷумҳури Амрико ҳузури Доналд Трамп  тавофуқномаи сулҳ бо режими саҳюнистиро имзо карданд, ки бар таъсиси сафоратхонаҳо ва табодули сафир Тел-Авив таъкид дорад .
 Трамп рӯзи ҷумъа  пас аз дидор бо ҳайати Кувайтӣ муддаӣ шуд, ки ба эҳтимоли зиёд  Кувайт ба зудӣ равобиташро бо Исроил оддӣ кунад .

Барчасп