Вокуниши мақомоти яманӣ ба иддаои Байден дар бораи поёни ҷанг дар Яман
(last modified Fri, 05 Feb 2021 14:45:04 GMT )
Феврал 05, 2021 19:45 Asia/Dushanbe
  • Ал-Ҳуси: Ҳар иқдоме ки ба муҳосираи Яман поён надиҳад, мавриди тавваҷуҳ нахоҳад буд
    Ал-Ҳуси: Ҳар иқдоме ки ба муҳосираи Яман поён надиҳад, мавриди тавваҷуҳ нахоҳад буд

Узви Шӯрои олии сиёсии Яман дар вокуниш ба иддаои раиси ҷумҳурии Амрико дар хусуси таваққуфи ҳимоят аз ҷанг алайҳи Яман таъкид карданд: Яманиҳо фиреби ин ҳарфҳоро наме‌хуранд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Муҳаммадалӣ Ал-Ҳуси, узви Шӯрои олии сиёсии Яман панҷшанбешаб дар сафҳаи корбарии худ дар Твиттер навишт: Ҳар иқдоме, ки ба муҳосираи Яман поён надиҳад, мавриди тавваҷуҳ нахоҳад буд.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи ҷумъа дар суханронии худ бо мавзӯи авлавиятҳои сиёсати хориҷии давлати нави Амрико гуфт: "Ҳимоят аз амалиётҳои таҳоҷумӣ дар Яманро мутаваққиф мекунем".

Дар ҳамин бора Муҳаммад Абдуссалом, раиси ҳайати музокиракунандаи давлати Наҷоти миллии Яман ва сухангӯи ҷумбиши Ансоруллоҳ низ гуфт: Барқарории сулҳ дар Яман ба поён ёфтани таҷовуз ва лағви муҳосира бастагӣ дорад.

Абдуссалом ба қобилияти боздорандагии мушакии кишвараш дар баробари таҷовузи эътилофи Саудӣ ишора кард ва афзуд: Мушакҳои Яман барои дифоъ аз ин кишвар аст ва таваққуфи истифода аз он ба поён ёфтани комили таҷовуз ва муҳосира бастагӣ дорад.

Ҷангафрӯзии Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар дар Яман аз марти 2015 то кунун ба кушта шудани беш аз 16 ҳазор тан, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп