Феврал 07, 2021 20:29 Asia/Dushanbe
  • Рабуда шудани 100 нафар аз қабилаҳои шарқи Сурия тавассути унсурҳои таҳти ҳимояти Амрико
    Рабуда шудани 100 нафар аз қабилаҳои шарқи Сурия тавассути унсурҳои таҳти ҳимояти Амрико

Унсурҳои демократии курди "Қасд" таҳти ҳимояти Амрико, даҳҳо нафар аз аҳолии ашоир ва қабилаҳои араб сокини ҷануби устони "Ал-Ҳасака" дар шимолишарқи ин кишварро рабуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, аносири "Қасд" бо пуштибонии ҳавоӣ ва зиреҳии артиши Амрико тайи рӯзҳои ахир ҳамалоту боздоштҳои густардае алайҳи мардуми ашойир ва қабилаҳои мухталиф дар деҳаи «Тал Ал-шоир",  «Ад-дашиша" дар ҷануби устони « ал-Ҳасака» анҷом дода ва даҳҳо нафар аз онҳоро бидуни далел дастгир карданд. 

Манобеи маҳаллӣ эълом карданд, теъдоди боздоштшудагон ва афроди рабудашуда тавассути аносури «Қасд», то рӯзи шанбеи гузашта ба беш аз 100 нафар расидааст. 

Бинобар эъломи манобеи сурӣ, далели ин боздошт ва рабуданҳо афзоиши муқовимати мардуми ашоир ва ширкати густардаи онҳо дар эътирозот алайҳи низомиёни ишғолгари Амрико ба далели ғорати нафт ва газу гандуми ин минтақа аз Сурия аст. 

Мардуми шаҳри «Қомишлӣ » ва «Ал-ҳаска »-и Сурия борҳо дар мухолифат бо иқдомоти нерӯҳои Қасд дар ин минтақа, таҷаммӯи эътирозомез баргузор кардаанд. 

Низомиёни амрикоӣ бо нерӯҳои Қасд вобаста ба онҳо, муддате аст, ки ба сурати ғайриқонунӣ дар  шимоли шарқи Сурия ҳузур доранд впа илова бар ғорати манобеи нафтӣвау сарвати ин кишвар иқдомотеро алайҳи сокинони ин манотиқ анҷом медиҳанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп