Вазорати кишвари Яман: Террористҳоои "Ал-Қоида" дар Маъриб ошкоро дар ҳоли ҷанг ҳастанд
(last modified Sun, 07 Mar 2021 15:03:33 GMT )
Март 07, 2021 20:03 Asia/Dushanbe
  • Вазорати кишвари Яман: Террористҳоои\
    Вазорати кишвари Яман: Террористҳоои\"Ал-Қоида\" дар Маъриб ошкоро дар ҳоли ҷанг ҳастанд

Муовини вазири корҳои дохилии Яман таъкид кард, ки унсурҳои иттилоотӣ ба истилоҳ "Ал-Қоида" дар паҳлӯи нерӯҳои хориҷӣ ва эътилофи таҷовузкор дар вилояти Маъриб ошкоро меҷанганд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, «Абдулмаҷид ал-Муртазо» муовини вазири кишвари Яман изҳор дошт, пас аз ҳаводиси устони «ал-Байза" ва кашфу забти сервисҳо ва таҷҳизоти ҷосусии аносури ал-Қоида, иртиботи онҳо бо сервисҳои иттилоотии хориҷӣ мушаххас шуд. 

Ал-Муртазо афзуд, ки Иёлоти Муттаҳида ва Англис аз муваффақияти артиш ва нерӯҳои амниятии Яман алайҳи Ал-Қоида дар Ал-Байда норозӣ ҳастанд ва ин омили аслии афзоиши таниш дар Маъриб шудааст. 

Муовини вазири кишвари Яман бо баёни ин ки сокинони Маъриб бояд бо қотеъият муқобили гурӯҳҳои такфирӣ ва иттилоотӣ боистанд афзуд, амалиёти нерӯҳои Яманӣ дар Маъриб бо ҳадафи наҷоти шаҳрвандони ин устон сурат мегирад. 

Дастгоҳи амният ва иттилооти давлати наҷоти миллии Яман,  рӯзи гузашта шанбе,  дар гузоришии иттилоотӣ аз ҷузъиёти фаъолияти гурӯҳи ал-Қоида ва аносури он дар устони Маъриб ва сохтори созмонии мавсум ба вилояти Маъриб хабар дод ва эълом кард, устони Маъриб шарёни аслии созмони террористӣ ал-Қоида аст, созмоне, ки пеш аз ин аносури он дар устони «ал-Байза»-и   Яман ҳузур доштааст. 

Даргириҳо дар Маъриб муддате аст, ки шиддат пайдо карда нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардуми Яман пешравиҳои қобили таваҷҷӯҳе дар ин минтақа доштаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп