Апрел 23, 2021 16:03 Asia/Dushanbe
  • Исмоил Ҳания: Қудс дар ҷанги ҳувиятӣ дар баробари режими саҳюнистӣ таслим намешавад
    Исмоил Ҳания: Қудс дар ҷанги ҳувиятӣ дар баробари режими саҳюнистӣ таслим намешавад

Раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) таъкид кард, Қудс дар баробари режими саҳюнистӣ таслим намешавад ва сиёсатҳои нажодпарастонаи онро намепазирад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар пайи ҳамалоти ишғолгарон ба Қудси ишғолӣ ва захмӣ шудани шуморе аз шаҳрвандони фаластинӣ, Исмоил Ҳания раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос дар баёнияе тасреҳ кард, он чи ҳам акнун дар Қудс дар ҳоли рух додан аст, ҷанг ирода байни як миллат таҳти ишғол ва як режими ишғолгар ва таъкиде бар арабият, исломият ва фаластинӣ будани ин шаҳр аст.

Раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос бо баёни инки, миллати Фаластин дар Қудс танҳо нест ва ҳамагӣ аз сарзамин, муқаддасот ва мардуми он, ки Исроил дар пайи нобудӣ ва поён бахшидан ба он аст, дифоъ хоҳем кард афзуд, миллати Фаластин дар ин набард низ пирӯз хоҳанд шуд. 

Низомиёни саҳюнист шаби гузашта, панҷшанбе, ба манотиқи дар Қудс ишғолӣ ҳамла ва шаҳрвандони фаластиниро зарбу шатм карданд, ки бар асари он дастикам 100 фаластинӣ захмӣ шуданд.

 

Бештар бихонед: 

 

 

Барчасп