Бо судури баёнияе: Амрико хостори поён додан ба ҷанг дар Яман шуд
(last modified Tue, 09 Nov 2021 05:40:13 GMT )
Ноябр 09, 2021 10:40 Asia/Dushanbe
  • Бо судури баёнияе: Амрико хостори поён додан ба ҷанг дар Яман шуд

Намояндаи Амрико дар умури Яман, ки ба шаҳри Адан сафар кардааст, дар ҷараёни ин сафар бар лузуми поён додан ба ҷанги Яман таъкид кард.

Ба гузориши “Алҷазира”, Тимати Линдеркинг, намояндаи Амрико дар умури Яман, ки ба шаҳри Адан сафар кардааст, дар ҷараёни ин сафар бар лузуми поён додан ба ҷанги Яман таъкид кард.

Ин хабарро Вазорати хориҷаи Амрико бо судури баёнияе ва ба нақл аз Тимати Линдеркинг эълом карда ва дар идомаи ин баёния таъкид шудааст, ки ихтилофот дар Яман ҳамаи тарафҳоро тазъиф мекунад ва дарду ранҷҳоро афзоиш хоҳад дод.

Вай ҳамчунин 4 моҳи пеши тайи як мунозираи онлайнӣ, ки аз сӯи Шӯрои миллии равобити Амрико ва кишварҳои арабӣ баргузор шуд, гуфт, ки Вашингтон ҷумбиши Ансоруллоҳро ба унвони як тарафи қонунӣ дар Яман ба расмият мешиносад.

Ӯ дар ин бора афзуд: Амрико ҳусиҳоро ба унвони як тарафи қонунӣ дар Яман ва ба унвони гурӯҳе, ки дастовардҳое касб кардаанд, ба расмият мешиносад. Ҳусиҳо танҳо масъули хушунат нестанд ва эътилоф (саъудӣ) бахше аз онро ба дӯш мекашад.

Ин мақоми амрикоӣ дар идомаи иддаоҳои худ хостори фишори ҷомеаи байналмилал бар ҷумбиши Ансоруллоҳ шуд то амалиёт дар Маърибро мутаваққиф кунад.

Бо вуҷуди он ки Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико дар моҳҳои ибтидоии ташкили давлаташ аз таълиқи ҳимояти ин кишвар аз таҷовуз ва ҳамалоти Арабистони Саудӣ дар ҷанг бо Яман хабар дода буд, аммо дар амал Амрико ҳамчунон аслитарин ҳомӣ ва таъминкунандаи силоҳ барои Арабистони Саудӣ аст.

Арабистони Саудӣ дар соли 2015 ба баҳонаи бозгардондани Абдуррабеҳ Мансур Ҳодӣ, раиси ҷумҳурии фирории Яман ба қудрат, ин кишварро омоҷи ҳамалоти худ қарор додааст. Таҷовуз ба Яман тайи ин солҳо натиҷае ҷуз куштору вайронии ин кишварро ба ҳамроҳ надоштааст.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп