Озодии фурӯдгоҳи Талл-Афари Мусил; ба садо даромадани занги хатар барои ДИИШ
(last modified Thu, 17 Nov 2016 13:01:42 GMT )
Ноябр 17, 2016 18:01 Asia/Dushanbe
  • Озодии фурӯдгоҳи Талл-Афари Мусил; ба садо даромадани занги хатар барои ДИИШ

Нерӯҳои басиҷи мардумӣ (Ҳашд –уш-шаъбӣ )-и Ироқ дар ҷараёни амалиёти озодсозии Мусил, муваффақияти роҳбурдӣ касб карданд ва фурӯдгоҳи низомии шаҳри туркманнишини Талл-Афарро аз диишиҳо пас гирифтанд.

Нерӯҳои басиҷи мардумии Ироқ рӯзи чаҳоршанбе дар амалиёте муваффақиятомез фурӯдгоҳи низомии шаҳри Талл-Афар дар ғарби Мусилро аз ишғоли гурӯҳи террористии ДИИШ озод карданд.

Ҷаъфар Ҳусайнӣ, сухангӯи яке аз гурӯҳҳои басиҷи мардумии Ироқ ба “Рейтерс” гуфт, афроди ДИИШ аз фурӯдгоҳи Талл-Афар хориҷ шуданд ва ба сӯйи шаҳри Талл-Афар ақибнишинӣ кардаанд.

Нерӯҳои басиҷи мардумӣ дар ин амалиёт рустоҳои наздики ин фурӯдгоҳро аз кантроли гурӯҳи террористии ДИИШ хориҷ кардаанд.

Муваффақияти басиҷи мардумӣ дар бозпасгирии фурӯдгоҳи Талл-Афар, муқаддимае барои озодсозии ин шаҳри роҳбурдӣ ва иртиботдиҳанда байни террористҳои ДИИШ дар Ироқу Сурия аст. Нақши Нерӯҳои басиҷи мардумӣ дар озодсозии Талл-Афар муҳиму роҳбурдӣ аст ва ба ҳамин сабаб ҳассосияти сиёсӣ дар ин замина вуҷуд дорад.

Бархе бозигарони минтақаӣ, аз ҷумла Туркия ба ҳамроҳи Амрико мухолифи нақшофаринии басиҷи мардумӣ дар ҷараёни амалиёти озодсозии Мусил ҳастанд ва мулоҳизоти минтақаӣ, иқдомоти басиҷи мардумиро зери заррабин қарор додааст. Пеш аз ин, Туркия ҳушдор дода буд, агар нерӯҳои мардумӣ вориди шаҳри Талл-Афар шаванд, вокуниши ҷавобӣ анҷом хоҳад шуд, мавзее, ки дахолат дар умури Ироқу душманӣ бо басиҷи мардумӣ аст, ки дар хатти муқаддами ҷанг бо ДИИШ қарор дорад.

Ҳузури густардаи диишиҳо дар шаҳри Талл-Афар, ин шаҳри роҳбурдиро ба навъе ба подгони низомӣ бадал кардааст.

Муваффақият дар шаҳри роҳбурдии Талл-Афар, ибтикори амалро аз ДИИШ дар Мусил хоҳад гирифт ва дар чунин шароите, Талл-Афар нуқтаи тазмин барои ДИИШ аст. Ин шаҳр масири тадорукотии ДИИШ ва расидани силоҳ ва нерӯ аз Сурия барои ин гурӯҳи террористӣ аст.

Мавқеияти роҳбурдии шаҳри Талл-Афар барои ДИИШ, сабаб шудааст, нигоҳҳо ба ин шаҳри муҳиму мутамарказ ва иқдомоти Нерӯҳои мардумӣ беш аз пеш расад ва пайгирӣ шавад. Ин дар ҳоле аст, ки басиҷи мардумӣ нерӯи сохторманду таҳти назорати фармондеҳии кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ аст. Нақши Нерӯҳои мардумӣ дар набард бо ДИИШ роҳбурдӣ ва таъйинкунанда аст ва пас гирифтани фурӯдгоҳи Талл-Афар аз ДИИШ, пешдаромади амалӣ кардани ин нақш дар кулли шаҳри Талл-Афар аст.

Нерӯҳои басиҷи мардумӣ дар масири озодсозии манотиқи мухталиф дар Мусил, иқдомоти инсонӣ ва кӯмакрасонӣ ба мардум аз қавмиятҳои мухталифро ба унвони аслии ахлоқӣ дар дастури кор дорад. Муттаҳам шудани басиҷи мардумӣ ба иттихози рӯйкарди фирқагароӣ, ба сабаби нақши роҳбурдии ин нерӯи мардумӣ дар ҷанг бо ДИИШ аст. Дар рӯйкарди басиҷи мардумӣ суннӣ, шиа, курд ва туркман фарқе надоранд ва манофеи миллӣ мабнои амалкарди нерӯҳои мардумӣ аст.

Басиҷи мардумӣ соли 2014 пас аз суқути шаҳри Мусил, ба дархости оятуллоҳ Систонӣ, марҷаи олиқадри шиаёни Ироқ, бо ҳадафи мубориза бо ДИИШ шакл гирифт ва акнун таҳти назорати фармондеҳии кулли нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар қарор дорад.

 

 

 

Барчасп