Ноябр 28, 2022 18:45 Asia/Dushanbe
  • \
    \"Кишваре бо номи Исроил вуҷуд надорад\"

Яке аз рухдодҳои ҷолиб дар Ҷоми ҷаҳонии Қатар худдории мардуми кишварҳои мухталифи арабӣ аз гуфтугӯ бо расонаҳои исроилӣ ва ҳамчунин ҳимояти тамошогарони арабӣ аз Фаластин дар муқобили режими саҳюнистӣ аст.

Асосан ҷоми ҷаҳонӣ саҳнаи дидани тасовире аст, ки камтар дар рӯзҳои дигар дар кишварҳои мухталиф метавон дид.

Барои мисол, ҷоми ҷаҳонӣ саҳнаи ошно шудани мардуми кишварҳои мухталиф бо ҳам ва ҳамчунин саҳнаи тақобули иҷтимоӣ ва варзишии бархе кишварҳои хос бо ҳам аст.

Бо ин ҳол, Ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатар саҳнаи як рӯйдоди вижа низ аст: Тамошогарони кишварҳои мухталиф ва ба хусус кишварҳои арабӣ аз гуфтугӯ бо расонаҳо ва хабарнигорони исроилӣ худдорӣ карда ва дар ҳангоми баргузории мусобиқот низ аз Фаластин ҳимоят мекунанд. Тамошогарони арабӣ вақте бо хабарнигорони исроилӣ мувоҷеҳ мешаванд, ин ҷумларо матраҳ ва аз мусоҳиба худдорӣ мекунанд: "Чизе ба номи Исроил вуҷуд надорад ва кишваре, ки аз сӯи онҳо ишғол шуда Фаластин ном дорад".

Тамошогарони қатарӣ, тунисӣ, лубнонӣ ва ҳатто арабистонӣ аз гуфтугӯ бо хабарнигорони исроилӣ худдорӣ карданд. Тамошогарони тунисӣ дар ҳангоми баргузории бозиҳои ин кишвар овезаҳое дар ҳимоят аз Фаластин ба маҳалли баргузории мусобиқа бурдаанд. Ин мавзуъ ба ҳадде барҷаста буд, ки ҳатто расонаҳои исроиливу ғарбӣ низ онро пӯшиш доданд.

Шабакаи 12 телевизиони режими саҳюнистӣ дар гузорише таъкид кард, ки барои тунисиҳо, Фаластин аз ҳар чизе дар ҷоми ҷаҳонӣ аҳамияти бештаре дорад. Бисёре аз тарафдорони тими Тунис дар тазоҳуротҳои ҳимоят аз миллати Фаластин ширкат мекунанд ва дар ҷараёни ин бозиҳо паёми ҳимоят аз миллати Фаластин медиҳанду овезаҳое бо мазмуни “Озодӣ барои Фаластин” ба варзишгоҳ меоваранд. То ҷое ки бархе аз онҳо ин мусобиқотро фурсате муносиб барои баёни ҳаводис ва рухдодҳои Фаластин барои ҷаҳониён медонанд.

Ин рафтори тамошогарони арабӣ дар Ҷоми Ҷаҳонии Қатар дорои чанд нуктаи ҷомеашинохтиву сиёсии муҳим аст.

Нуктаи аввал ин ки дар кишварҳои арабӣ бо вуҷуди вобастагии бархе ҳуккоми онҳо ба Ғарб ва ҳамовоии онҳо бо режими саҳюнистӣ, мардуми мусулмон аз мухолифони ҷиддии одисозии равобит ва ҳомии масъалаи Фаластин ҳастанд.

Нуктаи дувум ин ки рафтори тамошогарони арабӣ бо расонаҳову хабарнигорони исроилӣ ҳокӣ аз шикоф миёни миллатҳо ва бархе аз давлатҳои арабӣ дар мавзуи Фаластин аст. Дар ҳоле ки давлатҳои арабӣ масъалаи Фаластинро ба ҳошия рондаву одисозии равобит бо режими ишғолгари Қудсро пасгирӣ мекунанд, барои мардуми араб ҳанӯз масъалаи Фаластин як мавзуи меҳварӣ ва ҳувиятӣ аст. Бинобарин Ҷоми Ҷаҳонии Қатар авҷи шикоф миёни мутолиботи миллатҳову сиёсатҳои пешгирифта тавассути давлатҳои арабиро нишон медиҳад.

Нуктаи сеюм низ ин аст, ки рафтори тамошогарони араб бо хабарнигорону расонаҳои саҳюнистӣ ба манзалаи шикасти фароянди одисозии равобит бо режими саҳюнистӣ низ аст. Дар ҳоле ки ҳуккоми бархе аз кишварҳои арабӣ аз баргузории ҳар гуна эътироз дар мухолифат бо фароянди одисозии равобит бо режими саҳюнистӣ дар даруни кишварҳои худ ҷилавгирӣ мекунанд, Ҷоми Ҷаҳонии Қатар ба фурсате барои мардуми кишварҳои мухталифи арабӣ табдил шудааст то мухолифати худро бо фароянди одисозии равобит бо режими саҳюнистӣ нишон диҳанд. Ин мавзуъ нишон медиҳад, ки амалан фароянди одисозӣ ба як фароянди шикастхӯрдае табдил шудааст, ки аз ҳимояти мардумӣ бархӯрдор нест.

 

Барчасп