Март 30, 2023 13:34 Asia/Dushanbe
  • Ҷиноят алайҳи башарият дар зери сояи ҳимоятҳои Иттиҳоди Аврупо
    Ҷиноят алайҳи башарият дар зери сояи ҳимоятҳои Иттиҳоди Аврупо

Дар ҳоле ки мавҷи азиме аз паноҳҷӯён ба умеди расидан ба Аврупо раҳсипори Либия мешаванд, ин кишвар ба ҷаҳаннаме барои паноҳҷӯёну муҳоҷирон табдил шудааст.

Ба тавре ки бисёре аз онҳо мавриди озору азиятҳои ҷисмиву рӯҳӣ қарор гирифта, ҳатто ба қатл мерасанд. Гузориши Шурои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар ин замина аз нақши Иттиҳоди Аврупо дар ҷиноёт алайҳи паноҳҷӯёни сокини Либия парда бардоштааст.

Бар асоси гузориши коршиносони Созмони Милал, ки тавассути Шурои ҳуқуқи башари Созмони Милал мунташир шудааст, шавоҳиде вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад, Иттиҳоди Аврупо дар иртикоби ҷиноят алайҳи паноҳандагон аз лиҳози лагистикиву молӣ, аз Горди соҳилии Либия ҳимоят мекунад. Горди соҳилии Либия борҳо муртакиби ҷиноёти ҷиддӣ алайҳи муҳоҷирон, аз ҷумла қатл, шиканҷа ва бардагӣ шудаасту Иттиҳоди Аврупо низ бо ҳимоят аз Горди соҳилии Либия, ба ин ҷиноятҳо кумак мекунад.

Бо гузашти беш аз 10 сол аз Ҷумбиши мардумии Либия ҳанӯз давлати марказии мустақил дар ин кишвар ташкил нашудааст. Ин шароит ва ҳамчунин мавқеияти ҷуғрофиёии Либия дар ҷавори баҳри Миёназамин ва наздикӣ ба Аврупо сабаб шудааст, ки тайи солҳои ахир Либия ба яке аз муҳимтарин гузаргоҳҳо барои паноҳҷӯён бадал шавад. Мавқеияти иқтисодии бади аксари кишварҳои африқоӣ ба ҳамроҳи ноамнӣ дар ин кишварҳо сабаб шудааст то бисёре, аз ҷумла ҷавонон ба сахтӣ худро ба Либия бирасонанд то аз ин кишвар роҳии Аврупо шаванд.

Аммо гузар аз Либия худ ба мушкили бузурге бадал шудааст. Бисёре аз паноҳҷӯён дар Либия гирифтори бондҳои қочоқи инсон мешаванд ва аз онҳо ё ба унвони бардаи ҷинсӣ истифода мешавад ё тавассути бондҳои фурӯши аъзои бадан ба фурӯш мерасанд. Гузориши коршиносони Созмони Милал дар ин замина ҳокӣ аст, бисёре аз муҳоҷирон дар боздоштгоҳҳои таҳти контроли Горди соҳилии Либия ва соири ниҳодҳои давлатӣ таҳти шиканҷа, боҷгирӣ ва таҷовуз қарор мегиранд ва бархе монанди барда фурӯхта мешаванд.

Чанде пеш Афви Байналмилал дар гузорише эълом кард, муҳоҷирон дар урдӯгоҳҳои боздошти Либия тавассути нигаҳбонон мавриди хушунатҳои ҷинсии ҳавлнок, аз ҷумла маҷбур шудан ба барқарории равобити ҷинсӣ дар ивази дарёфти оби ошомиданӣ, ғизо ва дастрасӣ ба сервиси беҳдоштӣ (ҳоҷатхона) қарор мегиранд.

Бархе низ бо пардохти маболиғи калон савори қойиқҳо шудаву роҳии савоҳили Аврупо мешаванд. Аммо дар тайи масир теъдоди зиёде аз онон ё тавассути Горди соҳилии кишварҳои аврупоӣ бозгардонда мешаванд ё ба далели ғарқи қойиқҳои ноамн, дар обҳои баҳри Миёназамин ҷони худро аз даст медиҳанд.

Акнун гузориши коршиносони Созмони Милал нишон медиҳад, ки кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба сурати ошкору ниҳон силоҳу таҷҳизот дар ихтиёри бисёре аз бондҳои мустақар дар Либия мегузоранд то ҳар гуна ки метавонанд роҳро бар паноҳҷӯён сад кунанд. Дабири кулли СММ чанде пеш, зимни ибрози нигаронӣ аз вазъи ҳуқуқи башар дар Либия эълом кард, ҳазорон нафар аз сӯи гуруҳҳои мусаллаҳ дар ин кишвар, дар марокизи ғайриқонунӣ зиндонӣ ҳастанд.

Ин коршиносон дар гузориши худ овардаанд, ки Иттиҳоди Аврупо бо Горди соҳилии Либия ҳамкорӣ мекунаду киштиҳову таҷҳизотро дар ихтиёри онҳо қарор медиҳад, агарчӣ ин иттиҳодия муддаӣ аст, ки ин амр барои наҷоти ҷони мардум дар баҳри Миёназамин аст. Дар ин гузориш омадааст: Иттиҳоди Аврупо бояд огоҳ бошад, ки ҷиноёт алайҳи башарият дар ин замина анҷом мешавад. Мо намегӯем, Иттиҳоди Аврупо муртакиби ин ҷиноёт шудааст, балки ҳимоят аз он кумаке ба иртикоби ин ҷиноёт аст.

Дар воқеъ, Иттиҳоди Аврупо бар хилофи ҳамаи шиорҳои башардӯстонаи худ на фақат камтарин ҳимоятеро аз паноҳҷӯёну муҳоҷирон ба амал меоварад, балки худ ба кишварҳое чун Либия ва бондҳои мустақар дар ин кишвар кумак мекунад, ки монеъ бар сари роҳи муҳоҷирон эҷод кунанд.

Кемп Оскар, мудири як созмони ғайридавлатӣ мегӯяд: Мо бояд барои ҳама, барои афроде ки аз Украина, Африқо ё Ховари Миёна меоянд, каридорҳои башардӯстона эҷод кунем. Мо наметавонем бо дардҳои инсонӣ гузинишӣ бархӯрд кунем.

 

Барчасп