Июн 21, 2023 13:54 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Ҳушдори НАТО дар заминаи омодагӣ барои мувоҷҷеҳ бо ҳар вазъияте дар Косово
    Таҳлил: Ҳушдори НАТО дар заминаи омодагӣ барои мувоҷҷеҳ бо ҳар вазъияте дар Косово

Фармондеҳи нерӯҳои НАТО дар Косово мавсум ба «Кейфор» (2) рӯзи душанбе эълом кард, ки агар иқдомоти мушобеҳи хушунатҳои ахири сулҳ дар Косоворо таҳдид кунад, нерӯҳои НАТО омодаи рӯйё рӯи бо ҳар вазъияте ҳастанд.

Ресточия гуфт: Мо барои муқобила бо ҳар шароите барномарези мекунем. Ба ҳамин далел аст, ки нерӯҳои бештаре дарёф кардаем. Мо вокуниш нишон намедиҳем балки амал мекунем. Вай бо таъкид бар ин, ки увзоъ дар Косово ҳанӯз бисёр пуртаниш аст, изҳор кард: Дар ҳоли ҳозир роҳи ҳали низомӣ барои ин вазъият вуҷӯд надорад зеро танҳо роҳи ҳал як тасмими сиёсӣ мабни бар иродаи тарафҳо барои оддисози равоюбит аст. Амо қабл аз ҳар чизи бояд танишзудоӣ анҷом шавад. Вай гуфт: Мо омодаи ҷилавгири аз вахомати увзоъ ва коҳиши танишҳо ҳастем.

Нооромиҳо дар шимоли Косово ахиран пас аз он шиддат гирифт, ки мақомҳои мунтахаби албанияитабор дар минтақае, ки аксарани он сербитабор ҳастанд. барои кор вориди сохтумонҳои шаҳрдори  шуданд, сербиҳо интихоботи маҳалӣ дар шимоли Косоворо таҳрим карда буданд аммо интихобот баргузор шуд ва номзадҳои  албанияитабор тавонистанд ба пирӯзӣ бирасанд. Сербиҳои маҳалӣ дар ин амр ҳимояти Белградро доро ҳастанд ва эълом кардаанд, ки шаҳрдорони Албаяиро ба расмият намешиносанд. Дар пайи даргириҳое, ки  эҷод шуд ҳудуди 30 нерӯи НАТО, ки барои ҳифозат аз сохтумонҳо давлатӣ вориди амал шуда буданд, захмӣ шуданд. Ҳамичунин 42 муътариз низ маҷрӯҳ шуданд. Пас  аз он тасмим гирфт то 700 нерӯи дигар низ ба Косово эъзом кунад. 

Эъломи омодагии НАТО барои  рӯё рӯи бо ташдид  бӯҳрон кунуни дар Косово манзалаи ҳушдоре барои ду тарафи манозеъи кунуни дар ин минтақа яъне Сербистон ва давлати Косово аст. Иқдомоти таҳрикомези давлати худхондаи Косово дар бораи интихоби шаҳрдорони ғайри сербӣ дар шаҳрҳои сербнишини шимоли Косово, ки гоми намодин дар ростои тасбити ҳокимияти Приштина бар ин минтақа ва кӯтоҳ кардани ҳарчӣ бештари дасти сербиҳои шимоли Косово аз дастгоҳи ҳукумати аст, ба масобеҳи омили тасреъ кунанда дар раванди рӯйдодҳои ин минтақа амал карда ва зимни эҷоди ноороми муҷиби вокуниши шаддиди давлати Сербистон бо эъзоми ягонҳои низомӣ ба манотиқи марзии Сербистон ва Косово шуд. Дар айни ҳол иқдомоти НАТО дар замина эъзоми 700 нерӯи низоми  изофи ба Косово низ дар ростои навъи эъломи ҳимоят аз Косово дар муқобили иқдомоти низомии эҳтимолии Сербистон сурат гирфтааст. Акнун мақоми аршади НАТО дар Косово ба сароҳат аз омодагии низомиёни НАТО  барои муқобила бо ҳар гуна таъаруз ба онҳо сухан гуфта ва ин манзалаи ҳушдори ҷиддӣ ба сербиҳои шимоли Косово барои парҳез аз гунаи қасди эҳтимоли онҳо барои таъаруз алайҳи ин нерӯҳо талқӣ мешавад.

Амрико ва Иттиҳодия Аврупо дар ростои манофеъи худ ба вижа тазъифи Сербистон, ки равобити наздике бо Русия дорад килиди истиқлолталабии Косоворо заданд ва то кунун низ ҳимоятҳои густарда аз давлати Косово ба вижа ба расмият шинохтан Косово  ва низ истиқирори нерӯҳои НАТО  дар ин минтақа дар қолаби нерӯҳои  Кейфор идома додаанд. Бо ин ҳол  раванди увзоъе бар хилофи хостаи Белград аст ва иқдомоти Косово дар ростои тасбити истиқлоли худ бо ҳимояти Иттиҳоияи Аврупо ва Амрико ҳамроҳ шуда ва дар  айни ҳол иқдомоти давлати Приштина дар ростои тасбити ҳокимияти худ ва коҳиши ҳузӯри нуфӯзи сербиҳои Косово монанди иқдоми ахири он дар интисоби афроди Олбони табор ба унвони шаҳрдор дар шаҳрҳои шимоли Косово сабаби вокунишҳои шаддиди онҳо шудааст. Ин амр  эҳтимоли рӯё рӯи низомии Сербистон ва Косоворо низ афзоиш додааст.