Август 09, 2023 11:14 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи Рябков бо ҳамтоёни эронии худ дар хусӯси БарҶом ва масоили амниятӣ

Вазорати умури хориҷаи Русия эълом кард, муовини вазири умури хориҷаи ин кишвар дар рӯзҳои 7 ва 8 моҳи август бо ҳамтоёни эронии худ дар мавриди ояндаи БарҶом ва соири масоили амниятӣ гуфтугӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин баёния омадааст: Ду тараф дар ин гуфтугӯ бар тааҳҳуди худ ба талошҳои бештар барои ҳифз, эҳёӣ ва иҷрои комили БарҶом таъкид карданд.

Бар асоси баёнияи ин вазоратхона, тарафайн бар ғайриқобили қабул будани ҳар гуна талош аз сӯи Ғарб барои таҳмили тарҳҳо ва рӯйкардҳои ҷадид ба баҳонаи ҳалли мушкилоти марбӯт ба БарҶом, ки ба ҳамкориҳои машрӯъ ва ду ҷонибаи сӯдманди Русия ва Эрон дар заминаҳои мухталиф осеб мезанад, таъкид карданд.

Дар ин баёния изофа шудааст: Русия ва Эрон дарки муштараке аз чолишҳои ҷомеъаи байналмилал дар иҷрои қатъномаи 2231 ба далели сиёсати иштибоҳи «фишори ҳаддиаксарӣ бар Теҳрон» аз сӯи Амрико ва муттаҳидонаш доранд.

 

Барчасп