Ноябр 19, 2023 18:16 Asia/Dushanbe
  • Кремл: Русия муваффақ ба ҷилавгирӣ аз фурупошии иқтисодии ношӣ аз таҳримҳо шуд

Сухангӯи раёсатҷумҳурии Русия гуфт, давлати ин кишвар муваффақ шуд аз фурупошии иқтисодӣ, ки кишварро пас аз эъмоли таҳримҳои бесобиқа дар соли 2022 таҳдид мекард, ҷилавгирӣ кунад.

Ба гузориши ИРНА, Дмитрий Песков хотирнишон кард, ки дар он замон иқтисоди Русия таҳти фишори таҳримҳои бесобиқаи кишварҳои ғарбӣ ба баҳонаи ҷанг дар Украина осеб дид.

Песков дар мусоҳиба бо барномаи "Маскав . Кремл . Путин" (канали телевизионии Русия 1) гуфт, баъд аз эъмоли таҳримҳои бесобиқаи кишварҳои ғарбӣ зидди Русия ба баҳонаи ҷанг дар Украина хатари фурупошии иқтисодӣ вуҷуд дошт, аммо давлати Русия аз фурупошии иқтисодӣ, ҷилавгирӣ кард.

 

Барчасп