Декабр 19, 2023 11:17 Asia/Dushanbe
  • филм / Гароиши як духтари амрикоӣ ба Ислом бо таъсирпазирӣ аз модарони муқовими Фаластин

Як духтари амрикоӣ таҳти таъсири рӯҳияи бисёр болои модарони фаластинӣ бо вуҷуди ҷиноёти ахири режими саҳюнистӣ алайҳи сокинони Ғазза ба дини мубини Ислом ва Қуръони карим гароиш пайдо кард.

Аз замони оғози ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза 19 ҳазору 453 фаластинӣ, ки бештар онҳоро занон ва кӯдакон ташкил медиҳанд, ба шаҳодат расида ва 52 ҳазору 286 нафар дигар низ маҷрӯҳ шудаанд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, як духтари амрикоӣ пас аз ҳаводиси Ғазза ба Ислом ва Қуръон рӯй овард.

 Ӯ дар як суханронӣ бо ишора ба суханони як зани фаластинӣ дар Ғазза, ки фарзандашро ба хотири ҳамлаҳои Исроил аз даст дода буд, гуфт: «Ман видеои аз як занро дидам. Ин зан фарзандшро, ки ҷонашро аз даст дода буд дар оғӯш гирифта буд ва дар ин ҳангом Худоро шукр мекард ва Аллоҳ Акбар мегуфт".

 Ба гуфтаи ин духтари амрикоӣ « ин модари фаластинӣ ба арабӣ мегуфт мо аз сӯи Ту омадаем ва ба сӯи Ту боз мегардем. Ў дар ин замон дошт Худоро бисёр шукр мекард. Ман гуфтам наметавонам ин корро анҷом диҳам. Ман фикр намекунам, ки имонам ба андозаи кофӣ қавӣ бошад, ки дар чунин шароите Худоро шукр кунам; Бинобарин бо худам гуфтам, ки чи тавр имони ӯ ин қадр қавӣ аст".

 Ин духтари амрикоӣ дар бахши дигаре аз суханонаш гуфт,боварнакарданӣ аст, ки мардуми Фаластин то ин ҳадд илҳом ахши ҷаҳон ҳастанд; Бинобарин ман ниёз дорам Қуръонро бихонам,ва бубинам ин чӣ китобе аст, ки онҳо ба он имон доранд ва дар эътиқодашон собитқадаманд.

 Вай таъкид кард:" Ман ба унвони як масеҳии 25 сола, он (Қуръон)-ро аз рӯйи кунҷковӣ боз кардам ва эҳсос мекардам Худо аз тариқи калимоташ бо ман ҳарф мезад. "

 

Барчасп