Лавров: Амрико дар ҷанги Ғазза ба як тарафи даргирӣ табдил шудааст+видео
(last modified 2024-07-18T07:01:31+00:00 )
Июл 18, 2024 12:01 Asia/Dushanbe
  • Лавров: Амрико дар ҷанги Ғазза ба як тарафи даргирӣ табдил шудааст+видео

Сергей Лавров дар нишасти Шӯрои амният дар бораи Фаластин гуфт, Амрико бо таъмини силоҳ барои Исроил дар таҷовуз ба Ғазза, ба тарафи мустақими даргириҳо табдил шудааст.

Ба гузориши сервиси байналмилали хабаргузории Садо ва симо ба нақл аз хабаргузории Ассошиэйтед Пресс, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар нишасти Шӯрои амният дар бораи Фаластин гуфт, Амрико бо таъмини силоҳ барои Исроил дар таҷовуз ба Ғазза ба тарафи мустақими даргириҳо табдил шудааст.

Лавров ҳамчунин режими саҳюнистиро бо идома додан ба иқдоми низомӣ ва муҳосираи мардуми Ғазза ба иртикоби муҷозоти ҷамъӣ муттаҳам кард.

Вай афзуд, гуруҳи Ҳамос ба шиддат фаъолияти низомии худро маҳдӯд карда буд, аммо Исроил бо иқдомҳои худ ин гуруҳро таҳрик кард ва аз фурсати ба вуҷӯд омада, барои муҷозоти ҷамъӣ ва таҷовузи зидди фаластиниён истифода кард.

 

 

Барчасп