Нахуствазири Малайзия: Ғарб даст аз тавлиди ривояти нодуруст бардорад/ ишғолгарии исроилии 1948 омили 7 октябр
(last modified 2024-08-29T08:20:57+00:00 )
Август 29, 2024 13:20 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири Малайзия: Ғарб даст аз тавлиди ривояти нодуруст бардорад/ ишғолгарии исроилии 1948 омили 7 октябр

Порс тудей- Дар пайи ҳимояти Куала-Лумпур аз миллати бедифои Фаластин эҳтимоли тирагии равобити Амрико бо Малайзия афзоиш ёфтааст.

Расонаи ҷопонии «Ники Осиё» муътақид аст, ки Малайзия ба таври ошкор ҳимоят аз масъалаи Фаластинро дар ҳафтаҳои ахир афзоиш додааст, ки ин масъала метавонад равобиташ бо Амрикоро тира кунад.

Ба гузориши Порс тудей, Анвар Иброҳим, нахуствазири Малайзия дар оини ифтитоҳи нишасти масҷиди ҷомеи Малайзия дар Куала-Лумпур аз ҷаҳони Ғарб хост аз талош барои контроли расонаҳои байналмилалӣ ҷиҳати ироаи «ривоятҳои нодуруст» дар бораи ҷанг дар Ғазза даст бардорад.

Анвар Иброҳим хитоб ба кишварҳои ғарбӣ афзуд: Лозим нест ба ҷаҳони ислом маънои демократия, ҳуқуқи башар ва тавсеаи пойдорро ёд бидиҳед.

Нахуствазири Малайзия дар ҳамин хусус хотирнишон кард, ки нооромиҳо дар Фаластин ишғолӣ ба иллати амалиёти Ҳамос дар 7 октябр гузашта нест, балки аз соли 1948 бо ишғоли кишвари Фаластин оғоз шуда ва аз он замон токунун идома дорад.

Анвар Иброҳим дар идома таъкид кард: Куала-Лумпур мутааҳҳид аст ба ширкатҳои сабт шуда дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин иҷоза вуруд ва анҷоми ҳаргуна фаъолият дар Малайзияро надиҳад.

Пеш аз ин низ Малайзия ва Бруней дар нишасти солонаи сарони ду кишвар, тадовуми наслкушӣ ва хушунат дар Ғазза тавассути режими «ишғолгар»-ро маҳкум ва нисбат ба вазъият дар минтақа ибрози нигаронӣ карда буданд.

Ҳоҷӣ Ҳасан Абулкиёҳ, султони Бруней ва Анвар Иброҳим, нахуствазири Малайзия дар ин нишаст, нигаронии шадиди худро нисбат ба вазъияти вахими Ғарби Осиё иброз ва наслкушӣ ва таҷовузоти мудовим дар борикаи Ғазза тавассути режими Исроилро, ки мунҷар ба фоҷиаи инсонӣ ва талафоти густурда шудааст, маҳкум карданд.

 

Барчасп