Иқтисоддони амрикоӣ: Доллар на як асъори табодул, ки як силоҳи таҳоҷумӣ аст
(last modified 2024-10-13T06:19:58+00:00 )
Октябр 13, 2024 11:19 Asia/Dushanbe
  • Иқтисоддони амрикоӣ: Доллар на як асъори табодул, ки як силоҳи таҳоҷумӣ аст

Порс тудей - Иқтисоддони амрикоӣ ва таҳлилгари сиёсати умумӣ дар суханоне, чароӣ истифода накардан аз доллар ба унвони созу кори пардохтро ташреҳ кард.

Ҷеффри Сакс, иқтисоддони амрикоӣ дар нишасти вузарои дороӣ ва руасои бонки марказии БРИКС, ки аз тариқи видеоконфронс анҷом шуд, гуфт: Давлати Амрико, ба ҷои инки аз доллар ба унвони абзоре барои мубодила ё арзи захира истифода кунад, онро ба силоҳ табдил кардааст.

Ба гузориши Порс тудей, Сакс бо ишора ба масдӯд кардани дороиҳои Эрон, Русия, Венесуэла, Афғонистон ва соири кишварҳо, тавассути давлати Амрико таъкид кард, ки табдил шудани доллар ба силоҳ, ошкоро аз тариқи ин иқдомот сӯрат гирифтааст.

Ин иқтисоддони амрикоӣ тасреҳ кард, замоне, ки як раисиҷумҳур ба танҳоӣ метавонад дастуроте имзо кунад ва миллиардҳо доллар аз дороиҳои кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Русияро мусодира кунад, шумо наметавонед аз доллар ба унвони созу кори пардохт истифода кунед, дар натиҷа пули Амрико ба абзоре дар форми таҳоҷуми сиёсӣ табдил шудааст.

Вай дар идома гуфт: Кишварҳо ба созу корҳои пардохти ғайри долларӣ ниёз доранд. Мо ба бархе ниҳодҳои сареъ ва вижа, ки доллар дар он дахил набошад, ниҳодҳое, ки мустақиман таҳрим нашаванд, ниёз дорем.

Сакс, ки раиси шабакаи роҳи ҳалҳои тавсеаи пойдор дар Созмони милал низ аст, таъкид кард: Иқдомоти Амрико бар асоси стандартҳои ҳуқуқи байналмилал ва Маншури Созмони милал комилан нодуруст ва ғайриқонӯнӣ аст.

 

Барчасп