Украина дастрасӣ ба хадамоти интернетии Русияро масдуд кард
(last modified Tue, 16 May 2017 15:16:32 GMT )
Май 16, 2017 20:16 Asia/Dushanbe
  • Украина дастрасӣ ба хадамоти интернетии Русияро масдуд кард

Украина рӯзи сешанбе дар тасмими ҷанҷолие дастрасӣ ба хадамоти интернетии пуртарафдори Русияро дар хоки худ масдуд ва ба ин тартиб таҳримҳои ҷадиде алайҳи Русия эъмол кард.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, ин тадбир бар асоси фармони Петро Порошенко, раисҷумҳури Украина иҷро мешавад. Ин фармон, бавижа “Фейсбук” ва “Гугл”-и Русияро, ки аз тариқи ширкатҳои русии “Вконтакте” ва “Ядекс”  дар ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ, аз ҷумла Украина хадамот анҷом медиҳанд, ҳадаф қарор медиҳад. Ин тадобири ҷадиди Киев ба таври мустақим миллионҳо корбарро ҳадаф қарор медиҳад.

Корбарони интернетии украинӣ билофосила аз ин иқдом ба шиддат интиқод карданд.

Ин тасмим илова бар ташдиди ҷанги иқтисодӣ байни ду кишвар ҷанги иттилоотӣ миёни Украина ва Русияро низ ташдид мекунад.