Чин пешрави бозори интернети ҷаҳон
Тозатарин оморҳо нишон медиҳад, ки Чин ба бонуфузтарин ва пешравтарин кишвари ҷаҳон ба лиҳози тавсеаи шабакаи ҷаҳонии интернет табдил шудааст. Ба гузориши хабаргузории ИРНА, ширкатҳои бузурги Чин дар ҳоли ироаи бештарин хадамоти интерентӣ дар дунё ҳастанд ва теъдоди корбарони телефонҳои ҳамроҳ дар он аз марзи 710 миллион нафар фаротар рафтааст.
Аз лиҳози арзиши бозори масрафии интернет Чин бо рақами 967 миллиард доллар, баъд аз Амрико дар раддаи дувум истода ва Олмон бо як сеюми ин миқдор масраф дар раддаи сеюми ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.
Саҳми санъати интернет дар рушди тавлиди нохолиси дохилии Чин акнун ба 6, 9 дарсад расида, ки дар ин замина низ рушди ин кишвар якуним дарсад болотар аз Амрикост.
Ширкатҳои интернетии Чин ҳамчунин тавонистаанд дар раддаи панҷи ширкати бузург ва матраҳи дунё қарор бигиранд ва номи “Тенсент” (Tencent) ва “Алибобо” (Alibaba) пас аз “Гугл”, “Амазон” ва “Фейсбук” қарор дорад.